Ҳафтаи гузашта Афғонистон шоҳиди мавҷе аз ҳамлаҳои интиҳорӣ ва таркишу инфиҷорҳо дар мактаб ва масҷидҳои мардуми ҳазора шуд. Ҳазораҳои Афғонистон, бино ба ривоятҳои таърихӣ мардуми муғулнажод, форсизабон ва аз нигоҳи мазҳабӣ шиа ҳастанд, ки дар тӯли таърихи Афғонистон бино бо ин тафовутҳое, ки доранд ҳамеша зери ситам ва ҳамлаҳои ҳукуматҳои паштунии Афғонистон қарор доштаанд.
Толибон ба унвони як гурӯҳи ифротгарои мазҳабӣ ихтилофоти фикриву мазҳабии шадиде бо ҳазораҳо доранд ва душмании онҳо дар гузашта як душмании ошкор буд ва раҳбарони ин гуруҳ борҳо алайҳи ҳазораҳо шиорҳои куштану нобуд карданро дода буданд. Ҳамлаҳои ахир дар ин кишвар дубора баҳси ихтилофоти Толибон бо ин қавмро доғ кард ва масъалаи наслкушӣ (генотсид)-и ҳазораҳоро матраҳ кард.
Матлабе, ки пешниҳод мешавад навиштаи Кова Амин рӯзноманигор ва таҳлилгари Афғонистон аст, ки дар нашрияи "8 субҳ"-и чопи Кобул нашр шудааст:
Толибон як гурӯҳи ба шиддат бунёдгарои мазҳабӣ-қавмӣ ҳастанд. Аъзои ин гурӯҳ дар тӯли ду даҳаи гузашта, пайваста дар муқобили арзишҳое чун озодӣ, баробарӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва тавсеаи дониши мудерн ҷангидаанд. Аз назари режими Толибон, омӯзиш ва парвариши навин, роҳ ба сӯйи гумроҳӣ ва табоҳӣ аст. Масдуд будани мактабҳои духтарона, вазъи маҳдудиятҳо ва афзоиши воҳидҳои дарси сақофат (баҳрамандӣ аз илму тарбият)-и исломӣ дар донишгоҳҳо, бар меҳвари ҳамин тафаккур шакл гирифтааст.
Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати таҳсилоти олии “Толибон”, дар авоили ба қудрат расидани ин гурӯҳ ба гунаи ошкор эълом карда буд, ки аз донишомӯхтагони 20 соли гузашта «ҳеҷ интизорӣ набояд дошт». Ба гуфта ӯ, бунёдҳои таҳсил ва омӯзиш дар Афғонистон бояд аз нав ниҳода шавад ва донишомӯзон ба сухани Ҳаққонӣ аз аввал мутобиқи «арзишҳои исломӣ тарбият» шаванд; чун ба бовари ӯ донишомӯхтагон дар ин муддат омӯзишҳои ғарбиро фаро гирифтаанд, ки дар зиддият бо тафаккури толибонӣ қарор дорад.
Аз сӯйи дигар Толибон дар 20 соли гузашта ба анҷоми ҳамалоти интиҳорӣ ва инфиҷории зиёде дар ғарби Кобул (минтақаи умдатан ҳазоранишин – АП) муттаҳам ҳастанд. Дастгоҳи амнияти миллии Афғонистон дар давраи назми ҷумҳурият пайваста ин гурӯҳро дар даст доштан дар кушторҳои гурӯҳӣ ва ҳамалот террористӣ муттаҳам мекард. Ба гуфта масъулони амнияти миллии пешин, Толибон ба вежа шабакаи Ҳаққонӣ ҳамалоти интиҳориро бар донишгоҳҳо, омӯзишгоҳҳо, дармонгоҳҳо ва ибодатгоҳҳои ҳазораҳои шиа дар ғарби Кобул анҷом медоданд.
Бидуни шак чунин ҳамалоте мисдоқи айнии «ҷиноят ҷангӣ» ва «наслкушӣ» алайҳи ҳазораҳо аст. Дар халқи чунин ҷиноятҳое нақши фармондеҳони Толибон низ барҷаста аст.
Боре Мулло Абдулманнон Ниёзӣ, аз фармондеҳони машҳури Толибон, ки дар ғарби Афғонистон фаъолият мекард, гуфта буд: «Тамоми ҳазораҷот ё манотиқи шианишинро ба оташ мекашд». Ӯ дар гуфтугӯе, ки аз тариқи расонаҳо ҳамагонӣ шуда буд, эълом карда буд: «Ҳар рӯз ҳудуди 40 то 100 шиа ҳазораро мекушд; аммо ин мардум ҳаргиз намедонанд, ки чӣ гуна ва бо чӣ фан ва равише кушта мешаванд».
Ниёзӣ дар давраҳои нахусти ба қудрат расидани Толибон, дар соли 1373 (1994) дар шаҳри Мазори Шариф даст ба қатли оми ҳазораҳо зада буд. Дипломатҳо ва як хабарнигор эронӣ низ ба дастури ӯ тирборон шуда буданд. Толибон дар даври аввали тасаллутшон бар Афғонистон ҳазорон шиаи ҳазораро дар Мазори Шариф ва вулсволии Яковланги Бомиён қатли ом карданд. Абдулалии Мазорӣ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон (ва яке аз раҳбарони ҳазораҳо)-ро низ аз пас аз шиканҷаҳои фаровон аз як чархбол дар Ғазнӣ ба замин андохтанд.
Муллофозил Мазлум, узви ҳайати сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар ва муовини кунунии вазорати дифоъи Толибон, соли гузашта дар Кветаи Покистон, дар ҷамъе аз фармондеҳони Толибон ба сароҳат эълом карда буд, ки аз «кушта шудани як шиаи кофир ё ҳазора хушҳол мешавад».
Соли гузашта, ки "Толибон" то ҳанӯз ба қудрат нарсида буданд ва дар ҳоли музокира бо ҳайати Ҷумҳурии исломии Афғонистон қарор доштанд, аз ба расмият шинохтани мазҳаби шиа дар ҳалли ихтилофот инкор карда буданд. Толибон гуфта буданд, дар сурате, ки мушкиле ба миён биёяд, бар асоси фиқҳи ҳанафӣ ҳалу фасл шавад.
Бо ибрози эҳсосот ва фаҳми дуруст аз тафаккури "Толибон", метавон ба ин натиҷа расид, ки душмании Толибон бо ҳазораҳо як стратегияи баландмуддат аст ва мақтаъӣ (мавсимӣ) нахоҳад буд;
– зеро аз нигоҳи тафаккури толибонӣ, куштан ва шиканҷаи ҳазораҳои шиа ҷиҳод пиндошта мешавад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки ҳазора ва шиаситезии Толибон решадортар аз носозгориҳои сиёсӣ ва мавзеъгириҳои мақътаии кунунӣ аст;
– зеро ин гурӯҳ нигоҳи идеоложик ва фирқагароёна ба шииёни Афғонистон дорад ва аз диди онони шиаҳо «рофизӣ»-анд ва куштан рофизиҳо аз нигоҳи идеологияи ин режим ҷиҳод пиндошта мешавад.
Шумори зиёде аз муллоҳои Афғонистон, ки пайванди фикрии ногусастанӣ бо Толибон доранд, низ дар муқобили дурбинҳои расонаҳо куштани шииёни кишварро ҷоиз медонанд, бидуни инки ҳеч гуна мавриди бозпурс қарор бигиранд. Навори тасвирие аз як мулло дар расонаҳои иҷтимоӣ дар ин рӯзҳо дасти ба даст мешавад, ки дар он ба сароҳат бар қатла шииён таъкид мекунад.
Бо таваҷҷуҳ ба умумият, хушунат ва таксири базр (тухм)-и такфир ва қавмситезии ошкор, метавон иддао кард, ки чархаи ҷинояти ҳазоракушӣ ва шиаситезӣ таваққуфнопазир ба назар мерасад. Толибон ба сурати суннатӣ бо омӯзиши мудерн мушкил доранд ва анҷоми чунин ҳамалоте дар канори нишон додани душмании сареҳ бо ҳазораҳо, хусумат бо дониш ва омӯзишро низ ба намоиш мегузорд.
Пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон, ин гурӯҳ борҳо аз амнияти комили саросарӣ дар Афғонистон сухан доданд ва бар ин бовари худ фахрфурӯшӣ низ мекунанд, ба ҷой инки сар дар гиребон фурӯ бубранд ва аз худ бипурсанд, ки дар гузашта чӣ касоне мухилл(халалдоркунанда)-и амнияти мардум буданд ва даст ба куштори нируҳои амниятӣ ва мардум Афғонистон мезаданд. Ҳатто ин гурӯҳ бо сар кашидани бодаи пирӯзӣ, аз ҳузури ДОИШ дар Афғонистон низ инкор карданд ва онро ҷанги таблиғотии расонаҳо хонданд. Имрӯз, ки аз таъмин амнияти мардум оҷиз мондаанд ва муттаҳам ба ҳазоракушӣ ҳастанд, бо масъулият гирифтани ҳамалоти интиҳорӣ аз сӯйи ДОИШ, нафси роҳат мекашанд.
Шояд ДОИШ, ки шабоҳатҳои фикрии фаровоне бо Толибон, ба вежа дар мавриди шииён дорад, ҳамалот бар мактаби Абдурраҳими Шаҳид ва омӯзишгоҳи “Мумтоз”-ро бар уҳда бигирад, аммо дар ҳар ҳолат масъулият ба Толибон бар мегардад.
Ҳатто агар нигоҳи идеоложики ин гурӯҳро бо ҳазораҳо дар назар нагирифт, нотавонӣ дар таъмини амнияти мактабҳо ва омӯзишгоҳҳо масъалаи ин гурӯҳро бо ҳазораҳо печидатар ва хасмонатар мекунад ва Толибонро дар дарозмудддат бо чолишҳои ҷиддитар мувоҷҷеҳ месозад.
Мавҷудияти "Толибо"н дар Афғонистон боис шудааст, ки ҳазораҳои кишвар бо доштан тафовутҳои қавмӣ ва ихтилофи мазҳабӣ нисбат ба соири ақвом бо чолишҳои музоафтар (ду баробар) мувоҷҷеҳ шаванд ва ин бори Толибон аст, ки масъалаи худро бо ҳазораҳои Афғонистон аз меъёрҳои қавмӣ ва мазҳабӣ берун бикшанд ва бештар аз гузашта дар торикхонаҳои мазҳабӣ ва истихбороти фурӯ нараванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.