Нархи ордро аз аввали соли 2021 бо моҳи январи соли 2022 ва то ҳозир муқоиса кардем.
Дар Тоҷикистон аҳолӣ аз меъёр зиёд орди гандум истеъмол мекунад. Орд асосан аз гандуме истеҳсол мешавад, ки аз Қазоқистон меоранд.
Нархи воридоти 1 тонна гандум аз Қазоқистон аз 240-250 доллар дар соли 2020 то ба 285 доллар дар соли 2021 боло рафт. Дар моҳи апрели имсол бошад, то 337 доллар афзуд.