spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мушкили аскарӣ дар Суғд. Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон, мактуби Озода Раҳмон ва талошҳои вазорати маориф

Иҷрои нақшаи даъват ба артиш дар вилояти Суғд, зоҳиран мушкилиҳои зиёдеро ба бор овардааст. Ин мушкил ба ҳадде ҷиддӣ шудааст, ки Вазорати маориф ва илм дар як мактуб ба донишгоҳу донишкадаҳои ин вилоят  иҷоза додааст, ки метавонанд хатмкунандаҳоро қабл аз вақт имтиҳони давлатӣ бигиранд, то онҳо имкони ба артиш рафтанро дошта бошанд. 

Бар пайи ин мушкилиҳо, додситони вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода бо интиқод аз масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят гуфтааст, ки 40 дар сад иҷро шудани нақша нигарониҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалаҳ Эмомалӣ Раҳмонро ба бор овардааст.

Дар номаи Вазорати маориф ва илм, зикр мешавад, ки онҳо ин тасмимро бар асоси мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гирифтаанд. Нусхае аз номаи вазорати маориф дар ихтиёри "Азия-Плюс" қарор гирифт, аммо бо вуҷуди талошҳо, мо натавонистем ба мактуби Озода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент дастрасӣ пайдо кунем.

Мактуби вазорати маориф ва интиқоди шадиди додситонии Суғд дар ҳолест, ки бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиши ҳарбӣ бурдани донишҷӯёни бархе донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шуда буд.

Дар мактуби вазорати маориф гуфта мешавад, ки ба донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 донишкадаву донишгоҳҳо иҷозат аст, ки агар мехоҳанд хизмати ватанро адо намоянд, метавонанд имтиҳонҳои ҷорӣ ва имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супоранд.

Чанде аз муассисаҳои олии касбӣ дарёфти мактуби мазкурро тасдиқ намуданд ва гуфтанд дар баробари мактуб онҳо бархе аз маҳдудиятҳои худро гузоштанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз ҷумла Зимониддини Зайниддин, муовини ректори Донишкадаи кӯҳӣ металургии шаҳри Бӯстон бар пайи ин мактуб дар эълоне дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа имтиҳони давлатӣ ва рӯзи шанбе ҳимояи рисолаҳои дипломӣ баргузор карда мешаванд.

Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки ба хотири пешгирӣ аз ҷалби маҷбурии донишҷӯён ба артиш чанд шарту шароити худи донишкада низ барои донишҷӯён пеш гузошта шудааст.

– Барои роҳ ёфтан ба раванди кори комиссияи хатм, мактуби МИҲД-и шаҳру ноҳияҳои кишвар бо зикри ному насаби хоҳишманд ва бо замимаи аризаи розигӣ талаб карда мешавад, – овардааст муовини ректор.

Зоҳиран ба назар мерасад, ки дар вилояти Суғд ин гуна донишҷӯёнро дар ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо рӯйхат кардаанду ба мактабҳои олӣ пешниҳод мекунанд.

Аз ҳукумати вилояти Суғд дар бораи мактуби вазорати маориф ба "Азия-Плюс" изҳори бехабарӣ карданд, вале дар ҳамин ҳол гуфтанд, ки иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилоят идома дорад.

Сухангӯи ҳукумати вилоят, Музаффар Юнусзода дар суҳбати кутоҳи телефонӣ бо мо гуфт, нақшаи даъвати ҳарбиро комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом мерасонанд ва ҳоло барои иҷрои нақша вақт ҳаст ва мушкили кори онро комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳо медонанд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ин мактуби Вазорати маориф ба тамоми мактабҳои олии кишвар ирсол шудааст ё танҳо вилояти Суғд.

Дафтари матбуоти вазорат ба "Азия-Плюс" гуфт, ки мавқеи ин ниҳод дар робита ба ин мактуб дар фурсатҳои наздик барои расонаҳо шарҳ дода мешавад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин дар ҳолест, ки додситони вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода дар ҷаласае бо ҳузури муовини раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо аз фаъолияти комисариатҳои шаҳру навоҳии вилоят сахт танқид карда, гуфтааст, ки аз кори онҳо қаноатманд нест.

Ӯ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бахши даъвати ҷавонон ба артиш гуфтааст, комиссариатҳои ҳарбӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто ҷамоатҳо фаъолияти пастро ба роҳ мондаанд ки боиси нигаронии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гардидааст.

– Вазъи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар вилоят ба санаи 22 апрели соли равон нишон дод, ки ҳамагӣ 1 ҳазору 282 ҷавон ба артиш рафтаанд, ки ин 40,1 фоизи нақшаи даъвати вилоятро ташкил медиҳад ва он қаноатмандкунанда нест, -гуфтааст Хоҷазода.

Номбурда афзудааст, ки фаъолияти комиссияҳои даъватӣ, аз ҷумла комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо вобаст аба давъати ҷавонон ба артиш ба талабот ҷавобгӯй нест.

Хоҷазода гуфтааст, ки дар мавриди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандпарастии ҷавонон камбудиҳои ҷиддӣ ҷой дорад.

Сабаби ин ба таъкиди ӯ , камфаъолиятии раёсати кор бо ҷавонону маорифи вилоят ва омилҳои коррупсионӣ мебошад.

– Теъдоди ҷавонписарони ихтиёри ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбаршуда кам шуда истодааст. Вобаста ба ин самт омилҳои коррупсионӣ паҳн гардида, якчанд ҷиноятҳо бо истифодаи ваколатҳоги мансабӣ содир шудааст. Сабаби дигари саркашии ҷавонони алоҳида аз хизмат ба артиш дар сатҳи зарури ба роҳ монда нашудани омодагии онҳо ба даъват дар раванди таълиму тарбия дар муасисаҳои таълимӣ ва олии касбӣ, инчунин, бо падару модарон амалӣ накардани чорабиниҳои ташкилотию тарғиботӣ мебошад. Зеро дар баъзе муассисаҳои таълимӣ фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ пешбинӣ нашуда, норасогии омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ ҷой дошта, 177 нафар омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ ғайриихтисос фаъолият мекунанд, – гуфтааст Фурқат Хоҷазода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи 21 апрел Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷро шудани 50 дарсад нақшаи давъати ҳарбӣ дар кишвар хабар дод. Ин ниҳод гуфт, ки вилояти Суғд нақшаи даъватро ҳудуди 40 дарсад иҷро кардааст. Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз рӯзҳои аввали даъвати ҳарбӣ навори боздошти иҷбории ҷавонон аз сӯи нафарони ношинос дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад. Иддаое ки мақомот ҳамеша рад мекунанд ва аз афзудани сафи ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ мегӯянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...