spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қарзҳои боимтиёзи Вазорати маориф ҳастанд, вале омӯзгорони ҷавон хабар надоранд

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби буҷаи давлат баро омӯзгорони ҷавон дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ қарзи боимтиёз барои беҳ кардани шароити зисту зиндагӣ, аз ҷумла чорводорию занбӯрпарварӣ пешниҳод мегардад. Ин имтиёзи давлатӣ  ҳамасола барои 333 омӯзгор дар сар то сари кишвар пешбинӣ гардидааст.

Аммо мн имтиёз танҳо барои мутахассисони ҷавон дар се соли аввали корашон дода мешавад.

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки бар пояи як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2006 («Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон») ин қарзҳо барои се соли аввали фаъолияти омӯзгорони ҷавон, ки дорои таҳсилоти олии касбӣ ҳастанд ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд,  дар ҳаҷми то 6 ҳазор сомонӣ бо меъёри 3 фоизи солона дода мешавад.

Ин қарзҳо ба ҳар омӯзгори ҷавон ба василаи «Амонатбонк» дода мешаванд, ки яке аз талаботи дарёфти он надоштани қарз дар бонк мебошад.

Бархе омӯзгорон бар инанд, ки аз ин имтиёзҳо огаҳӣ надоранд ва қарзи пешниҳодшаванда дар ҳоли ҳозир барои хариди чорвои калон кофӣ нест, чун нарху навои чорво гарон шудааст.

Робия, як нафар омӯзгор аз ноҳияи Рӯдакӣ, дар суҳбат бо “Азия-Плюс”изҳор кард, ки аз ин имтиёзи Вазорати маориф ва илм хабар надорад ва ҳатто намедонад, барои гирифтани ин маблағ ба куҷо муроҷиат намояд.

Ин омӯзгори ҷавон илова кард, ки ҳарчанд ин маблағ кам аст, вале каме ҳам бошад барои беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ кӯмак хоҳад кард.

«Баъди як соли харидани чорво ва насл гирифтан ба оҳистагӣ вазъ тағйир меёбад, чунки бештари омӯзгорони ҷавон барои як ё ду  чорво маблағ надоранд».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Вазорати маориф ва илм низ мепазиранд, ки ҳарчанд ин қарзҳои боимтиёз барои ҳамаи омӯзгорони ҷавони ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, аммо фаъолияти шуъбаҳои маориф дар ин самт суст роҳандозӣ шудааст.

«Бештари шуъбаҳои маориф ба омӯзгорон ин имтиёзҳоро пешниҳод намекунанд ва омӯзгорон аз ин имтиёз бархурдор нестанд. Яъне таблиғу ташвиқ дар ин самт кам аст», – гуфтанд дар вазорат.

Аммо ин ниҳод мегӯяд, ки барои дастрасӣ пайдо кардани омӯзгорони ҷавон ба ин қарзҳо ҳамасола аз ҷониби раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо рӯихати омӯзгорони ҷавон ба вазорат пешниҳод мешавад. Яъне омӯзгорони ҷавоне, ки эҳтиёҷ ба ин имтиёзро доранд, метавонанд ба раёсат ё шуъбаи маорифи шаҳр ё ноҳияашон муроҷиат кунанд.

Парвина Камолова, омӯзгори мактаби №20-и ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои беҳбудии вазъи зиндагияш як моҳ мешавад, ки ин ин қарзро аз бонк гирифтааст.

Ӯ мегӯя, ки ба мудири маорифи ноҳия ариза навиштам, баъдан онҳо ба бонки давлатии “Амонатбонк” пешниҳод карданд. Тартиби қабул бо навбат сурат мегирад.

«Ман соли 2020 барои гирифтани 6 ҳазор сомонӣ барои чорводорӣ ба шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ариза навишта будам ва моҳи марти соли 2022 пулро гирифтам. Ин маблағро ба мутахассисони ҷавоне, ки тибқи квотаи президентӣ ё буҷавӣ хонда бошанд, медиҳанд. Ба дигар мутахассисони ҷавон дода намешавад. Ман факултаи физикаю-техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо квота хатм кардам. Соли охири таҳсил маҷлис карда гуфта буданд, ки чунин имтиёзҳо ҳаст, истифода баред»,-мегӯяд ӯ.

Аммо Вазорати маориф  мегӯяд, қарзҳо  ба ҳама омӯзгорони ҷавони эҳтиёҷманд дар се соли аввали фаъолияти кориашон дода мешавад, ки муҳим нест мактаби олиро бо квота хондааст ё не.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Камолова мегӯяд, ки маблағро барои панҷ сол (58 моҳ) гирифта, бо он 10 сар гӯсфанд  харидааст.

«Фоизи баргардонидани маблағро ба 58 моҳ тақсим карданд ва 3% моҳона аст. Яъне давоми панҷ сол ҳар моҳ 113 сомону 07 дирам пардохт мекунам ва бояд давоми ин солҳо ҳам фоизи қарз ва ҳам қарзро пардохт кунам».

Яъне дар панҷ сол бар замми 6000 сомонӣ маблағи қарзи гирифта бояд 445 сомонӣ маблағи дарсадиро (3%) диҳем».

Ин омӯзгори ҷавон умед дорад, ки аз чорвои харидаашон фоида ба даст меоранд, то шарити зиндагиашонро беҳтару хубтар намоянд, чун шароити нигоҳубини чорворо доранд.

«Ман мувофиқи рӯйхат 552 сомонӣ аз мактаб маош мегирам, вале аъзои ҳизб, фонди нафақа ва чизҳои дигар аз маош медоранд, ки дар ниҳоят 476 сомонӣ тоза ҳар моҳ ба дастам мерасад. Соати дарс низ кам аст. Дар як ҳафта 10 соат. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд ҳастам. Бо маоши омӯзгорӣ зиндагиро пеш бурда намешавад, вале ба хотири он ки кӯдаконам хурданд ва манзиламон наздик ба мактаб аст, омӯзгорӣ мекунам. Шавҳарам низ коргари кироя аст». 

Дар ҳамин ҳол Вазрати маориф ва илми кишвар мегӯяд, ба мутахассисони ҷавон ғайр аз қарзҳои боимтиёз ҳамзамон бидуни навбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо ҳукуматҳои маҳалл ва шуъбаҳои маориф дода мешавад.

Ҳамчунин омӯзгорони ҷавни мард, дар сурати ниёзмандии шаҳру ноҳияҳо ба омӯзгор барои чанд сол аз ҷалб шудан ба артиш озод мебошанд, ки тартиби онро ҳам ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо мушаххас мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...