Вазорати умури хориҷии +збекистон хабар дод, ки Абдулазиз Комилов "бо сабаби гузаштан ба кори дигар" аз раҳбарии ин ниҳод барканор карда шудааст.
Сухангӯи раисҷумҳури Узбекистон Шерзод Асадов гуфтааст, Комилов муовини котиби Шӯрои амнияти назди президент дар умури сиёсати хориҷӣ ва амният таъйин карда шуд.
Пештар манобеъ дар Тошканд гуфта буданд, ки Комилови 74-сола ба хотири изҳороташ дар бораи мавқеи Ӯзбекистон нисбати вазъи Украина аз мақомаш истеъфо додааст.
Вай бори охир дар мазҳари ом рӯзи 17 март ҳозир шуда буд. Он замон Комилов мавқеи Ӯзбекистонро дар баробари вазъи Украина шарҳ дода буд.
"Ӯзбекистон истиқлол, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетскро эътироф намекунем", – гуфта буд он замон вазири корҳои хориҷии Узбекистон.
Сиёсатшиносон ин изҳоротро мавқеи ҷиддӣ ва "боҷасорат" унвон карда буданд.