Дар шаҳри Еревани Арманистон субҳи 2 май эътирози нофармонӣ ташкил шуда, эътирозгарон даҳҳо роҳи мошингарди он шаҳрро бастанд. Пулис талош дорад, ки роҳҳоро боз кунад. Ба навиштаи расонаҳо, пулис бештар аз 125 касро боздошт кардааст.
Расонаҳо менависанд, эътирозгарон бо истифода аз қуттиҳои партов роҳҳоро мебанданд.
Ишхан Сагателян, ноиб-раиси порлумони Арманистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки шаб дар Ереван нисбатан ором пушти сар шуд, рӯёрӯӣ бо пулис сурат нагирифт, зеро дар шаҳр борон меборид. Аммо мухолифон дар майдони Фаронса шабро рӯз карданд.
Эътирозҳои мухолифон дар Арманистон ду ҳафта пеш баъди он шуруъ шуданд, ки сарвазир Никол Пашинян гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Арманистон интизор дорад, ки дар робита ба мавқеи Қарабоғи Куҳӣ ақибнишинӣ кунад.
Ба бовари мухолифони Арманистон, ҳукумати Пашинян тасмим дорад, дар масъалаи Қарабоғи Куҳӣ ба Озарбойҷон гузашт кунад. Ба ҳамин сабаб, мухолифин истеъфои Пашинянро талаб доранд.
Намояндагони ҳукумат талаби истеъфои Пашинянро рад мекунанд. Ба бовари ҳукумат, ин талаб аз сӯи аксарияти сокинон ҷонибдорӣ намешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.