spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Меҳрубон Назаров, вазири фарҳанге, ки фарҳангро вазири Тоҷикистон кард: 8 бахше аз рӯзгори ӯ

Барои насли нави Тоҷикистон, ки замони кору ифтихорофариниҳои Меҳрубон Назаровро ба унвони вазири фарҳанг надидаанду шахсияти иҷтимоиву сиёсии онро танҳо дар хотираҳои дигарон дарёфтаанд, шояд дарки ин фикр, ки як вазири фарҳанг ҳам метавонад дар миёни вазирон аз ҳама бошахсиятар шавад, сахт бошад. Аммо он чи фарҳангиён, ҳамкорон ва дигар чеҳраҳои сиёсиву маъмурии Тоҷикистон дар бораи ин вазири хушном навиштаанд, хонандаро ба як хулоса меорад: Меҳрубон Назаров вазири фарҳанги ормонии Тоҷикистон буд. Ормонӣ ба маънои идеалӣ. Барои чӣ ормонӣ?!

Якуми майи имсол Меҳрубон Назаров, хушномтарин ва пуровозатарин вазири фарҳанги Тоҷикистон 100 сола шуданд. Ӯ дар баҳори соли 1993, дар сахтарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар, дар синни 71-солагӣ даргузашт. Шахсияте, ки як силсила корҳои бунёдиву ибтикороти стратегии бахши фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ба номи ӯ марбут аст. Ӯ  натанҳо худ хадамоти арзишманд барои фарҳангу миллати тоҷик кард, балки дар хонаводааш фарзандонеро парварид, ки баъди ифтихори кишвар ва сунбули ҳунуари миллӣ шуданд, ки Далер Назар аз пештозони ҳунару мусиқии тоҷик яке аз онҳост. 

Дар бораи падару модараш

Меҳрубон Назаров бархоста аз хонаводаи бообрӯ  буд. Падараш, Назарамон Ҷавов аз маъмурони соҳибэҳтироми деҳи Шидзи Рӯшон буд. Дар баробари ин падараш аз он ки як паҳлавони шинохта дар сатҳи минтақа ва бузкаши номдоре буда дар миёни мардум бо лақаби Шер Назарак низ маъруф будааст. Ин доштаҳои падар барои шахсияти писар дар оянда беасар набуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Модараш дар тарбияи Меҳрубон, ки баъдҳо ба сатҳи як вазири идеаолӣ ва яке аз чеҳраҳои аслии рушддиҳандаи фарҳанги Тоҷикистони шӯравӣ расид, нақши мондагоре дорад. Зеро сарфи назар аз ин ки Меҳрубон бо 4 бародару як хоҳараш дар канори падари бошахсияташон зиндагии барои он вақти Рӯшон хеле хубе доштанд, сарнавишт алайҳи онҳо ҷафо мекунад ва падарро хеле зуд аз онҳо мегирад. Тарбияи ин шаш фарзанд ба дӯши модари вафодор меуфтад. Баъдҳои Меҳрубонро тағоҳояш ба деҳаи худ – Вознавд мебаранд. Ӯро "дарду доғ"-и ятимӣ нашикаст, балки мактабро бо сарбаландӣ хонду худашро сохт.

Дар бораи кӯдакӣ бо забони худ

“Охири солҳои 20-ум ва авоили 30юм буд. Шароити он рузҳои Помир ниҳоят сахту вазнин. Модари бечораам ба рафтанам ба интернати шаҳри Хоруғ монеъ намешуд, зеро дар қишлоқ монданам ҳеҷ маънӣ надошт ва ба болои он ҳамеша нотоб мешудам, ки доруву дармон ёфтан дар деҳаҳо он солҳо амри маҳол буд. Рӯзе аз деҳа ба вилоят уштурдоре аз ҳамдеҳагони мо нияти сафар дошт. Ӯ бори кадоме аз кормандонро ба шаҳр мебурд ва маро низ, модарам ба назди ӯ бурда, ба зориву тавалло илтимос намуд, ки ба Хоруғ бурда ба интернати баччагон супорад. Лекин ман дар ин сафар дар тан ба ҷуз эзорчаҳои карбосии даридаи кӯтоҳи то зону, дигар чизе надоштам. Чӣ кор кунем, аз куҷо куртаву эзор ёбем, бо модарам дар ҳамин тараддуд будем, ки модаркалони Маҳрам Файзевич, ки холаи Муродбахт ном дошт, ёдаш ба хайр, зани меҳрубон ва поквиҷдон буд, ба хона омад. Ӯ бо модарам қаробати дугонагӣ дошт. Ҳоли моро фаҳмида ба хонаи худ баргашт ва баъд аз андаке чакмани сафед дар дасташ боз омад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ чакмани писарашро барои ман овард. Чакманро ба ман пушонд ва миёнамро маҳкам баста илова намуд, ки “Меҳрубонҷон роҳат сафеду дар паноҳи Худованди карим бошӣ, мактабро нағз хон, донишманд шав, гуфту даст ба дуо бардошт ва бо дуои нек маро гуселониданд.

Дар Хоруғ дар мактаби бачагон ба таҳсил фаро гирифта шудем ва пасон барои идомаи таҳсил ба Душанбе роҳӣ шудем”.

Дар бораи рафтан ба кори “артистӣ”

Сарфи назар аз ин ки Меҳрубон мактаби миёнаро бо донишу маҳорати болое хатм мекунад, вале ӯ аз ҷаҳони санъат, хусусан ҳунари актиёрӣ чизе намедонист. Он замон дар кӯҳистон таваҷҷуҳи мардум ба ин ҷанбаҳо, ки бо истилоҳи “артистӣ”маъруфт буд, кам ва назари манфӣ доштанд. Ба ҳунари актиёрӣ рафтани ӯ як тасодуф буд, аммо тасодуфи бомуваффақият. Тасодуфе, ки ба нафъи ҳунару фарҳанг хатм шуд. Тасодуфе, ки ба таъбири мардумӣ барои он "фарштаҳо омин кардаанд".

Зеро он вақт ба ин риштаҳо онҳоеро мебурданд, ки таҳсилкардаи интернат буданд ва хонавода дар таъини сарнавишти онҳо таъсири чандоне надошт. Ҳамин тур, Меҳрубон Назаровро ба Душанбе меоранд ва ба мактаб-студияи актёрии шаҳри Сталинобод мепазиранд.

Дар бораи асос гузоштани ҳунари театрӣ дар Афғонистон

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Меҳрубон Назаров ба унвони коргардон ва фарҳангшиноси забардасти тоҷик асосгузорм театри ҳирфаӣ бо номи “Кобул-Нандорӣ” ва ҳунари театрӣ  дар Афғонистон шинохта мешавад. Ӯ соли 1962 ба Афғонистон, ки яке аз кишварҳо ва минтақаҳои геополитикии мавриди таваҷуҳи хоси Иттиҳоди Шӯравӣ буд фиристода мешавад ва корро дар симати мушовири вазири фарҳанги ин кишвар ду сол идома медиҳад.

Меҳрубон Назаров дар назди театри Кобул студияи Станиславскийро таъсис медиҳад. Дар ин студия ҳунармандони шавқӣ ҷалб ва пас аз чанде чун ҳунармандони касбӣ ба кори театр мепардохтанд. Ба намоишҳое, ки Меҳрубон Назаров дар театри Кобул ба саҳна мегузошт раҳбарони тирози аввали Афғонистон барои тамошо меомаданд ва ин шуҳрати ӯро дар Афғонистон хеле боло бурд.

Бар пояи ҳамин шуҳрат Кумитаи радиои Афғонистон ӯро барои омода кардани ровиёни маслакӣ ба кор даъват мекунад. Ӯ чанде аз курсҳои вижаи маҳорати ровигиро роҳандозӣ мекунад, ки 60 нафар ин курсҳоро фаро мегиранд. Дар миёни онҳое, ки дар курсҳои омӯзишии Меҳрубон Назаров таҳсил мекарданд Шукрия-духтари охири амри Бухоро Сайид Олимхон ҳам буд, ки баъдҳо як ровии маъруфи радиои BBC шуд, ки солҳои ахир дар ИМА зиндагӣ мекард.

Дар Афғонистон Меҳрубон Назаров овозхони саршинос Абдураҳмони Сорбонро, ки бо хусумати баъзҳеҳо аз назарҳо афтода буд, дубора ба саҳнаи ҳунар бармегардонад ва чандин консертҳои ӯро дар саҳнаҳои тетари “Кобул нандорӣ” баргузор мекунанд.

Дар бораи мансабу мақомҳои Меҳрубон Назаров

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Муҳассили “Комбюинати театрӣ”-и Душанбе дар солҳои 1937-41.  Саркоргардони театри Хоруғ дар солҳои 1941-1943 ва мудири ин театр (Театри мусиқиву драмаи ба номи Рӯдакӣ, ҳоло ба номи Меҳрубон Назаров)1944-46. Иштирок дар ҶБВ дар солҳои 1943-44. Узвият дар Ҳизби коммунист дар соли 1945. Мудири шуъбаи фарҳанги ВМКБ дар солҳои 1946-50. Муҳассили Донишкадаи театрии ба номи А. Островскийи Ленинград дар солҳои 1949-51. Дарёфти унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон барои нақши Муров дар намоиши “Қишлоқи тиллоӣ” замони кор дар ВМКБ. Хабрнигори махсуси нашрияи ҳизбии “Тоҷикистони сурх”  ва “Комсомоли Тоҷикистон” дар ВМКБ то соли 1951-54.

Муҳассили Мактаби олии ҳизби назди КМ ҲКИШ дар Маскав, дар солҳои 1951-1954.  Сардори  Раёсати санъат дар солҳои 1954-56 ва муовини аввали вазири фарҳанг дар солҳои 1956-64. Мушовири вазири фарҳанги Афғонистон дар солҳои 1962-1964. Муовини раиси Кумитаи давлатии телевизиону радиои Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар солҳои 1964-65 ва Раиси Кумитаи кинометаграфияи Тоҷикистон дар солҳои 1965-66; Ҳимояи рисолаи номзади илмҳои таърих бар пояи пажӯҳишҳо дар мавриди таърихи ҳунару санъати тоҷик дар соли 1965. Вазири маданияти Тоҷикистон дар солҳои 1966 -1979. Ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар солҳои 1979-88. Вакили мардум дар маҷлисҳои гуногуни Шӯрои олии Тоҷикистон дар солҳои 1967-1980. Профессори санъатшиносӣ бо қарори Шӯрои КОА (ВАК)-и Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1988.

Дар бораи бунёдгузориҳои Меҳрубон Назаров

Яке аз ташкилкунандагони асосии факултаи санъати Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар соли 1967, ки саранҷом ба ташкили донишкадаи санъат анҷомид. Ташкилкунандаи асосии Театри давлатии ҷавонон, ҳоло ба номи маҳмудҷон Воҳидов дар соли 1971. Бунёдгузори Институти санъат ва ҳоло Донишкадаи санъату ҳунари ба номи Турсунзода дар соли 1973. Аз бунёдгузорони асосии Ансамбли рақси “Лола” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар соли 1965. Аз муассисони асосии Театри мазҳакавиву мусиқии Қурғонтеппаи собиқ ва ҳоло ба номи Ато Муҳаммадҷонови Бохтар.

Муассиси ҷашнвораи маъруфи дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияву вилоятҳо – Бӯстон. Ҳамчунин дар баробари ин садҳои кору ташаббуси фарҳангӣ бо раҳбарӣ ва мусидати ин абармарди фарҳанги миллӣ иҷроӣ шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар бори эҷоду  осори ҳунарӣ

Меҳрубон Назаров дар давраҳои гуногун ва дар театрҳои гуногун амоишҳои зиёдеро ба саҳна гузоштаанд. Аз ҷумла «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и  Островский (1946), «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер (1946), «Қишлоқи тиллоӣ»-и Миршакар (1947), «Калтакдорони сурх»-и Улуғзода (1948), «Тошбек ва Гулқурбон»-и Миршакар, «Шӯҳрати нек»-и Рабиев (1957).

Намоишҳо дар театри «Кобул Нандорӣ»: «Шамъҳое, ки месӯзонанд»-и Латифӣ, «Марде, ки номаш фаромӯш шудааст»-и Кӯҳзод, «Табиби зӯракӣ»-и Молер, «Шамъҳои сӯзон»-и Бесид.

Ҳамчунин Меҳрубон Назаров муаллифи намоишномаҳои  «Орзу» (1964), «Дасти дӯст» 1968) ва «Ҳалокати одат» (1970) мебошад. Ӯ ҳамчунин «Модарандар»-и Балзакро барои намоиши театрӣ тарҷума кардааст. Китобҳояш: “Ташаккули маданияти бадеии советии тоҷик” (1986) ва “Орзу” маҷмӯаи пиесаҳо (1990).

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Меҳрубон Назаров ба унвони хабарнигор дар нашрияҳои “Бадахшони сурх”, “Тоҷикистони сурх” ва “Комсомоли Тоҷикистон” садҳои мақолаву осори арзишманди пулитсистиву рӯзноманигорӣ навиштаанд ва навиштани мақолаҳоро барои матбуоти даврӣ то поёни умри худ идома додаанд.

Дар бораи фарзандони номвар

Меҳрубон Назаров на танҳо ба унвони мансабор ва ё маъмурии давлатии бахши ҳунару фарҳанг, балки ба унвони як падари бомасъулият бо тарбияи дурусту бобарномаи фарзандон низ, дар рушди бахшҳои гуногуни фарҳанги Тоҷикистон нақши мондагор гузоштааст. 

Писари аз ҳама бузургаш назар Назаров устоди Донишкадаи санъату ҳунари Тоҷикистон аст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Далер Назаров

Писари дигараш Далер Назаров, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе аз машҳуртарин овозхонҳои эстрада, яке аз пояҳои муҳками мусиқии муосири Тоҷикистон аст. Оҳангу сурудаҳои Далер Назровро дар гӯша гӯшае аз дунё овозхонҳои саршинос хондаанд. Далер назаров дар баробари сохтани оҳангҳо барои филмҳо, ҳамчунин дар чанд филм, аз ҷумла "Ишқҳои Душанбе"-и коргардони эронӣ Муҳсини Махмалбоф нақши асосиро бозидааст. 

Меҳринигор Назарова, духтари вазири хушном, хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои театрии Маскав, солҳои зиёде устоди Омӯзишгоҳи наққошии Душанбе буд, ҳоло дар Алматои Қазоқистон зиндагӣ мекунад. 

Духтари дигари Муҳрубон Назаров Азиза Назарова, хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ҳоло дар ИМА ба сар мебарад.  
Ҳамчунин шуморе аз набераҳои ӯ, аз ҷумла Парвиз, Ситора, Рухшона ва Далер аз чеҳраҳои маъруфи ҳунару фарҳанги Тоҷикистонанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...