spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Толибон додани “права”-и ронандагӣ ба занонро дар Афғонистон манъ карданд

Ҳукумати Толибон додани гувоҳномаи ронандагӣ (права) ба занону духтаронро дар Афғонистон манъ карданд. Бино ба иттилои бахшии дарии "Садои Амрико" масъулони трофик (ГАИ)-и ҳукумати Толибон ба Марказҳои омӯзиши ронандагӣ дастур додаанд, ки ба занону духтарон дигар гувоҳномаи ронандагӣ надиҳанд. 

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё Толибон омӯзиши ронандагиро ҳам барои занон манъ кардаанд ё не.

Дар Афғонистон, пеш аз тасаллути Толибон ба ҳукумат, дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар, аз ҷумла Кобулу Ҳирот  занони зиёде ронандагӣ мекарданд. Ҳоло ба назар мерасад, ки  Толибон ҳадаф доранд ронандагии занонро дар Афғонистон манъ кунанд.

Ҷалолиддин Содот, як масъули Маркази омӯзиши ронандагии "Бародарону хоҳарони афғон" дар вилояти Ҳирот ба "Садои Амрико" гуфтааст, ки  масъулони мудирияти трофики Ҳирот ба мо гуфтаанд, ки фаъолиятҳоямонро дар бахши омӯзиши ронандагӣ барои занон мутаваққиф кунем.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки мудирияти трофик додани форма (бланка) барои дархости гувоҳномаи  ронандагӣ барои занонро низ манъ кардааст ва дигар ба марказҳои омӯзишӣ онро намедиҳад. 

Аммо Содот гуфтааст, ки ин дастур ба онҳо шифоҳӣ расонида шудааст ва то кунун ҳеч дастури хаттие ба онҳо ворид нашудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Хоноқо Ачикзай, масъули бахши таълиму тарбияи трофикри Ҳирот ба "Франспресс" гуфтааст, ки "ба мо ҳам ба гунаи шифоҳӣ дастур шудааст, ки додани гувоҳнома ба ронандагони занро мутаваққиф кунем". Ин масъул гуфтааст, ки то кунун дар мавриди ҷилавгирӣ аз ронандагони занд дар шаҳр ҳидояте нагирифтаем.

Одила Адил, мураббии яке аз марказҳои омӯзиши ронандагӣ ҳам гуфтааст, ки Толибон ба онҳо дастур додаанд, ки дигар занонро ронандагӣ наомӯзанд.

Наимулҳақ Ҳаққонӣ, раиси Раёсати фарҳангу иттилооти Ҳирот ҳам гуфтааст, ки ба онҳо дар ин замина ҳеч мактубе ирсол нашудааст. Аммо ӯ дар мавриди дастури шифоҳӣ чизе нагуфтааст.

Раёсати трофики Кобул ҳам раванди додани гувоҳномаи ронандагӣ ба занонро мутаваққиф кардааст. Аммо Гулаҳмад мамузай, масъули яке аз бузургтарин марказҳои омӯзиши ронандагӣ ба "Садои Амрико" гуфтааст, ки онҳо ҳеч дастуре нагирифтаанд ва ҳоло ҳам чанд зан ба омӯзиш дар маркази онҳо машғуланд.

Ҳукумати Толибон ҳамчунин барои занону духтарони аз синфи 6 болоро дар Афғонистон манъ кардаанд, ки ин мавзуъ баҳсҳои зиёдеро дар сатҳи Афғонистон ва ҷаҳон ба бор овардааст.

Ҳамчунин Толибон бо гузашти 8 моҳ аз ҳукуматашон дар Кобул, ба занон иҷозаи корро надодаанд. Танҳо теъдоди кучаке аз занон дар бархе аз идораҳо кор мекунанду халос.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...