Станислав Шушкевич, нахустин роҳбари Белорус пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Минск, бар асари беморие, ки дошт, субҳи имрӯз, 4-уми май дар сини 87-солагӣ даргузашт. Дар бораи марги Шушкевич ҳамсараш Ирина Шушкевич хабар додааст.
Шушкевич аз соли 1991 то 1994 раиси Шӯрои Олии Белорус буд.
Ин сиёсатмадор солҳои тӯлонӣ ҳизби "Грамадаи сотсиалдемокоратии Белорус"-ро раҳбарӣ мекард ва аз мунтақидони сарсахти Лукашенко, раҳбари кунунии кишвар буд.
Шушкевич дар баробари Борис Елтсин президенти вақти Русия ва Леонид Кравчук раисҷумҳури онзамонии Укроин "Созишномаи Беловежск"-ро имзо карданд, ки фурӯпоошии Иттиҳоди ҷамоҳури Шӯравиро расман таъйид кард. Ин Созишнома барҳам хӯрдани ИҶШС ва таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақилро замонат медод.