Ҷамшед Муртазозода раиси Кумитаи назорати дастур ва ташкили кори порлумони Тоҷикистон имрӯз, 4-уми май ба сини 50-солагӣ расид. Муртазозода яке аз мутахассисони варзидаи риштаи ҳуқуқи гражданӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Муртазозода доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Ӯ факултети ҳуқуқшиносӣ ва шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи милии Тоҷикистон ва шуъбаи докторантураи Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русияро хатм кардааст.
Дар Донишгоҳҳои Маҷористон Итолиё, Шветсия (соли 2005), Русия такмили донишу ихтисос кардааст.
Моҳи майи соли 2012 дар Русия дар мавзӯи «Проблемаҳои ташкил ва фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудаст.
Барандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2004 мебошад.
Муртазозода аз соли 2015 то 2020 ба унвони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар узви Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон буд.
Моҳи марти соли 2020 дубора ба унвони узви Ҳизби ҳокми халқии демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.
Ба унвони олими ҳуқуқшинос муаллифи 8 монография ва беш аз 87 мақолаи илмӣ мебошад.