Дилшод Сатторови 24-сола, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ барои рафтори ношосита нисбати ҷавондухтар дар шаҳри Душанбе ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс шуд.
Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 2 май як нафар ҷавондухтари сокини пойтахт бо ирсоли расми автомашинаи сабукрави тамғаи «ВАЗ-21010 аз мақомоти милитсия дархост намудааст, то нисбати ронандаи ҷавони ин автомашина чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
“Ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ бетартибӣ намуда, нисбати як ҷавондухтари роҳгузар беэҳтиромӣ ва дар қисмати қафои баданаш бо шаппотӣ зада, ӯро мавриди масхара қарор додааcт”, – омадааст дар хабари Раёсат.
Гуфта мешавад, зимни пурсиш номбурда ба кирдори содирнамудаи худ иқрор намуда, сидқан изҳори пушаймонӣ кардааст.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Дилшод Сатторов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шудааст.