Миёни Иттифоқҳои журналистони Тоҷикистону Ӯзбекистон Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Маросими ба имзо расидани ин Меморандуми ҳамкорӣ дирӯз, 5-уми май дар шаҳри Тошканд сурат гирифт.
Ин санад аз суйи Зинатулло Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Олимҷон Усаров, раиси Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ба имзо расид.
Дар маросими имзои Меморандум сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода низ иштирок кард.
Зинатулло Исмоилзода дар як тамоси интернетӣ ба "Азия-Плюс" гуфт, Меморандума мазкур имкон медиҳад то ҳар сол ҳайатҳои журналистони ду кишвар сафарҳои эҷодӣ дошта бошад.
"Яъне ҳар сол ҳайати 10-нафараи журналистони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва журналистони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Инчунин меморандум барои табодули таҷриба, баргузории давраҳои омӯзишӣ ва доир кардани чорабиниҳои муштарак замина фароҳам меорад",-гуфт Исмоилзода.
Дар маросими имзои ин Меморандум ба 6 рӯзноманигорои Ӯзбекистон, ки дар нашрияҳои чопиву элекронии тоҷикии ин кишвар фаъолият мекунанд, шаҳодатномаи узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон супурда шудааст.