“Ҳамчун далели ҳамкории қавӣ, мо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 млн доллар ба сифати кумак ба соҳаи амният ҷудо кардем, ки он дар давоми ду соли оянда амалӣ ва расонида хоҳад шуд”, – изҳор дошт муовини сардори намояндагии ИМА Бридҷет Уокер дар маросими навбатии супоридани таҷҳизот ва мошинҳо ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Душанбе.
Тавре ки дар сомонаи намояндагии дипломатии ИМА дар ҶТ хабар дода мешавад, 5 майи соли ҷорӣ, Сафорати ИМА ба Вазорати мудофиаи ҶТ ҳашт мошини боркаши IVECO, рӯйкаши чархҳои мошин (покрышка) ва қисмҳои эҳтиётии IVECO-ро барои кӯмак ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳо ироа кард.
Гуфта мешавад, мошинҳои боркаш ва қисмҳои эҳтиётӣ бо арзиши умумии 2,3 млн доллари ИМА, ба Вазорати мудофиа имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини релефи минтақаҳои сарҳадӣ амалиёт гузаронанд.
“Ин хайрияи нави мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба Вазорати мудофиа имконият медиҳад, ки таҷҳизотро дар тӯли солҳои зиёд дар ҳолати корӣ нигоҳ дорад”, – менависад сафорат.
Моҳи октябри соли 2021 Сафорати ИМА дар Душанбе ба Вазорати мудофиа 20 адад Ҷип J8-ро бо арзиши 1,4 млн доллар таҳвил намуд.
Зимни суханронӣ дар маросими супоридани таҷҳизот ва мошинҳо хонум Бридҷет Уокер иброз дошт, ки мошинҳо дар муқобили таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқчиёни маводи мухаддир, ҷангҷӯён ва ифротгароёни хушунатомез кумаки ҷиддӣ мекунанд.
“Ин хайрия танҳо як мисоли кумакҳое аст, ки мо ба артиши тоҷик мерасонем ва тааҳҳуди моро барои беҳбуд бахшидан ба тавонмандии Тоҷикистон барои дифои худ аз ҷангҷӯёни мусаллаҳ ва ҷилавгирӣ аз гардиши маводи мухаддири ғайриқонунӣ нишон медиҳад”, – хабар дод дипломати амрикоӣ.
Зикр мегардад, ки аз соли 1992 то ин ҷониб, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои таъмини амният ба маблағи беш аз 330 млн доллар кумак расондааст. Ин кумак аз дарсҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва инфрасохтор иборат аст.
Дар чаҳорчӯби ин кумакҳо Амрико ба артиши Тоҷикистон ба маблағи беш аз 13 млн доллар 400 адад мошин ҷудо кардааст.
ИМА инчунин беш аз 10 000 нафар низомиён ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро оид ба тактикаи муассир барои вокуниш ба таҳдидҳои террористӣ, муқовимат ба қочоқи маводи мухаддир ва гузаронидани амалиёти махсус омӯзонид.
Иёлоти Муттаҳида 30 сол боз бо Тоҷикистон шарикӣ дорад ва барои барномаҳои рушду кӯмак ба соҳаи амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф, Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ки ба ин мақсад 1,8 миллиард долларро харҷ намудааст.