Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе мечархад, ки ба гуфтаи корбарон, донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон автобусеро бозмедоранд ва ба сӯи он санг мепартоянд.
Тавре дар навор зикр мешавад, шахсони ношинос дар автобус мехостанд, донишҷӯёнро баъди имтиҳони давлатӣ “облава” карда, иҷборан ба артиш баранд.
Раҳбарияти коллеҷи тиббӣ далели занозаниро тасдиқ, вале ҷой доштани “облава” ё сарбозшикорро рад карданд.
Директори коллеҷи тиббӣ Савзалӣ Азимзода дар суҳбат бо «Азия-Плюс» далели занозанӣ миёни донишҷӯён ва автобуси омадаро тасдиқ карда, аммо «облава» дар коллеҷро ба таври қатъӣ рад кард.
Ӯ афзуд, касе донишҷӯёнро тариқи “облава” ба артиш набурдааст ва ӯ дар рухсатӣ буда, аз ҳодисаи рухдода тавассути телефон огоҳ шудааст.
– “Факт”-и “рейд» дар коллеҷи тиббӣ асос надорад. Ҳеҷ касро набурданд (ба артиш, – муаллиф). Донишҷӯён автобусеро диданд, ки гӯё “облава” бошанд, доду фиғон мезананд ва наворбардорӣ мекунанд. Аммо бори дигар такрор мекунам, ки шогирдони моро касе ба аскарӣ набурдааст, – гуфт директори коллеҷ.
"Донишҷӯён аз тирезаҳои ошёнаи дуюм ба берун ҷаҳиданд"
Дар ҳамин ҳол, муовини директори коллеҷи тиббӣ Зулфия Ҳасанова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо донишҷӯёнро барои ошноӣ ба мактуби вазири маориф дар бораи ташкили имтиҳонҳои бармаҳал барои хатмкунандагоне, ки хоҳиши ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтан доранд, ҷамъ овардаанд.
– Мо 63 донишҷӯ дорем, ки имсол коллеҷро хатм мекунанд. Дирӯз, 11 май онҳоро барои ошноӣ бо мактуби вазири маориф ҷамъ овардем. Дар маҷлис қариб 40 нафари онҳо иштирок карданд, зеро дигарон ба таҷрибаомӯзӣ фиристода шуданд. Донишҷӯён вақте ки дар берун доду фарёди донишҷӯдухтаронро шуниданд, аз тарс (облава – муаллиф) аз тирезаҳои ошёнаи дуюм ба берун ҷаҳидаанд», – гуфт ӯ.
Ҳасанова мисли директори колеҷи тиббӣ исрор мекард, ки касе донишҷӯёнро “облава” накардааст ва касе ҳам онҳоро ба артиш набурдааст.
«Ба ҷои гуфтани «бирав, ба Ватан хизмат кун», донишҷӯёни мо доду фарёд заданд. Вазифаи ҳар як ҷавон хизмат кардан ба Ватан аст. Агар хизмат накунанд, 9 сол гурезанд?», – гуфт Ҳасанова.
Дар навор чӣ мегӯянд?
Дар наворе, ки дар YouTube –канали "MASTER ALION" нашр шудааст, дида мешавад, ки донишҷӯён аз ошёнаи дуюм меҷаҳанд. Он донишҷӯёне, ки дар ошёнаи якум ҳастанд, ба ҷаҳидагон кӯмак мекунанд.
– Инҷо ноҳияи Ёвон. Кормандони милиса ва дигар кормандони Вазорати корҳои дохилии мамлакат омаданд. Имрӯз моро фиреб дода, ба имтиҳони давлатӣ даъват карданду аз имтиҳонҳо «гӯё» гузаштем. Кормандони мақомоти қудратӣ коллеҷро иҳота карда, иҷборан (донишҷӯёнро, – муаллиф) ба артиш мебаранд, – мегӯяд яке аз донишҷӯён дар навор.
То замони интишори хабар ба “Азия-Плюс” имкон даст надод, ки ба Вазорати дифои кишвар дар тамос барояд, то шарҳи онҳоро дар бораи ин ҳодиса бигирад.
То ҳол нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 70% иҷро шудааст.
Мақомот ҳамеша ба ҷой надоштани мавридҳои "облава" таъкид мекунанд ва мегӯянд, ки агар ҷавонон пас аз гирифтани даъват ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад онҳоро маҷбуран биёрад.
Дар Тоҷикистон дар соли 2020 ба қонун “Дар бораи вазифаҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шуд, ки тибқи он ба ҷуз аз донишҷӯёни донишгоҳҳо, магистр ва аспирантҳо низ ба артиш даъват карда мешаванд.
Ҷорӣ шудани хидмати алтернативӣ ба назари бархе аз қонунӣ даст кашидан аз хидмат дар артиш арзёбӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир 450 нафар дар Тоҷикистон бо пардохти маблағи зарурӣ хидмати алтернативӣ анҷом додаанд.
Дар Тоҷикистон ду маротиба – дар фасли баҳор ва тирамоҳ шаҳрвандони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Маҳз дар ҳамин давра расонаҳо дар бораи даҳҳо ҳодисаи ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмат хабарҳо нашр мекунанд. Мақомот ҳамеша ин хабарро рад мекунанд ва афзоиши шумори ихтиёриён ба хидмати ҳарбӣ эълон мекунанд.