spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Офати табиӣ: бомҳо кандаву зери об ва биноҳо тахриб шуданд

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон бар асари шамоли сахт чандин биноҳо тахриб шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Соати 17:33 дақиқаи рӯзи 12 май шамоли сахт як қисмати боми мактаб ва як хонаро дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ барканд. Шахсони осебдида ба қайд гирифта нашуданд. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи Кумита машғули муайян кардани зиёни расида аст.

Гуфта мешавад, рӯзи панҷшанбе бар асари боришоти зиёд ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо ва маҷрои сел 7 қитъаи наздиҳавлигӣ дар маҳаллаҳои Лангар, Хелесон ва Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара зери об монд.

Лойқа 350 метр роҳи селпартои маҳаллаҳои Лангар ва канали Мастчоҳи деҳаи Хоҷаи Аълоро баста, инчунин селҳо ба муваққатан баста шудани роҳи мошингарди маҳаллаи Таги Садаи ҷамоати деҳоти Сурх боис гардид. Айни замон роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуда, лекин корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар қаламрави деҳаҳои Хурми, Пули Гирдоб, Гезон, Суҷина, Косатароши ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент низ сел омадааст.

“Таҳхонаҳои се манзил дар маҳаллаи Зарафшони деҳаи Суҷина ва ду хонаи сокинон дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатарошро лойқа пур кард. Талафоти ҷонӣ нест. Ин ҷо ҳам оқибатҳои офати табииро бартараф мекунанд”, – зикр мешавад дар хабари Кумита.

Рӯзҳои истироҳат аз чӣ метавон интизорӣ дошт?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Обуҳавошиносон боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола ва раъду барқ пешгӯӣ мекунанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣсокинонро аз обуҳавои номусоиди рӯзҳои наздик огоҳ мекунад.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 14-15-уми май боронҳои пуршиддат, раъду барқ ва жола дар қаламрави кишвар (ба истиснои ВМКБ) метавонанд зиндагиро дар баъзе манотиқ ба мушкил рӯбарӯ сохтаву сатҳи об дар рӯдхонаҳо боло равад.

Имрӯз, 13-уми май ва то рӯзи 16-уми май боронҳо дар маҳалҳои ҷудогонаи баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ метавонад сабабгори омадани селҳо шаванд.

Боронҳо дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, талу теппаҳо ҳамчунин метавонанд боиси рониши замин, канда шудани садҳои зидди сел, харобии пулҳои мошингузару одамгузар шаванд. Ҳавои номусоид чорвочарониро низ мушкил мекунад.

Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обхезиву селҳо метавонанд боиси зери об мондани киштзор ва зироатҳои кишоварзӣ гардад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бар асари боришоти шадид дар Тоҷикистон садҳо хонаро об зер кард

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда чун ҳамеша сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ, рафтан ба шикор, ғунучини ҳезум ва рустаниҳои дорувор, занбӯруғҳо ва ё соҳили кӯлу обанборҳо барои моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

Кумита аз мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳо сари вақт дар минтақаҳои осебпазир ҳашарҳои умумихалқӣ ташкил кунанд ва ҷӯю каналу селроҳаҳои наздики маҳалҳои истиқоматро аз ҳар гуна сангу сангреза ва хасу хасрӯбаҳо тоза намоянд.

Аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя намоянд, зеро дар соатҳои боронӣ ҳаракат дар роҳҳо мушкил шуда, боло бурдани суръати ҳаракат ҳамеша хатар дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...