Дар шаҳри Еревани Арманистон 91 тан аз иштирокдорони роҳпаймоии мухолифинро боздошт карданд. Дар ин бора расонаҳо иттилоъ медиҳанд.
Дар Ереван аз миёнаҳои моҳи апрел гирдиҳамоии мухолифон бо талаби истеъфои сарвазир Никол Пашинян идома дорад. Ин эътирозҳо баъди он шуруъ шуданд, ки Пашинян гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Арманистон интизор дорад, талабҳояшро дар мавриди мақоми Қарабоғи Куҳӣ коҳиш диҳад. Ба бовари мухолифин, ҳукумати Арманистон тасмим дорад, ба Озарбойҷон гузашт кунад.
Роҳпаймонии мухолифон дар чаҳор ноҳияи Ереван шуруъ шуд. Қатори мошинҳо мебоист, ба маркази шаҳр мерафт ва танбашавӣ ё роҳбандиро ба бор меовард. Аммо пулис ҳамаи роҳҳои ҳаракати қатори мошинҳои эътирозгаронро баст ва иштирокчиёнро боздошт кард.