Вазорати маорифи халқии Узбекистон дастурамали баргузории маросими хатми мактаб – "Занги охир"-ро таҳия кардааст.
Вазорат ин дастурамалро ба ҳамаи мактабҳои миёнаи Узбекистон ирсол кардааст. Бино ба дастурамал, чорабинӣ дар саҳни мактаб баргузор ва бегонагон ба ҳудуди мактаб роҳ дода намешаванд.
"Занги охир" аз соати 8:00 то 8:45 дақиқа давом мекунад. Дар маросим ба хонандагони пешсаф сипосномаҳо тақдим мегардад.
"Хотиррасон мекунем, ки дар ин маросим ҷамъоварии маблағ аз хонандагон қатъиян манъ аст", – хабар додааст вазорати маорифи халқии Узбекистон. Ҳамчунин аз хонандагон даъват шудааст, ки аз таҷлили ин маросим дар тарабхонаҳо даст кашанд.
Дар Тоҷикистон ҳам маросими "Занги охир" чандин сол пеш танзим шуда, он ҳудуди 45 дақиқа баргузор мешавад. Пештар дар Тоҷикистон ин маросим бо дабдабаи зиёде баргузор мешуд ва хонандагон ба мактаб бо мошинҳои гаронарзиши хориҷӣ ҳозир мешуданд ва пас аз он маҳфилҳои пурхароҷоти фароғатӣ доир мешуд.