spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ташкили Шӯрои оли муқовимат барои наҷоти Афғонистон: Аз Ато то Дӯстуму Масъудҳову Қонуниву Муҳаққиқу Сайёф

Шуморе аз раҳбарони сиёсии ҳукумати пешин ва чеҳраҳои зиддитолибонии Афғонистон дар Анқараи Туркия аз ташкили "Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон" хабар доданд. Ин Шӯро дар нахустин нишасти худ аз Толибон хостааст, ки барои ояндаи Афғонистон бар сари мизи музокирот биншинанд.

Гуфта шудааст, ки ҳеч фарде дар ин Шӯро ба унвони раҳбар интихоб нахоҳад шуд. Яке аз аъзои раҳбари даврӣ интихоб мешавад ва ҳеч касе ҳақ надорад, ки ду давр пайи ҳам раҳбари Шӯро интихоб шавад. 

BBC бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад, ки ин нишаст 17-уми май баргузор шудааст ва дар он рӯйи як "бадил (алтернатива)-и сохторманд"-и сиёсӣ барои Толибон тавофуқ шудааст.

Як манбаъ аз  Анқара, аз ширкаткунандагони ин нишаст ба "Азия-Плюс" гуфт, ки дар ин Шӯро мувофиқа шуд, аз Толибонро барои музокира ва гуфтугӯ даъват шавад, вале агар даъвати онҳо пазируфта нашавад ва натиҷае надод, онҳо гузинаи низомиро пеш хоҳанд бурд. 

Ба гуфтаи ин манбаъ, мухолифони Толибон дар Анқара гуфтаанд, ки бояд ҳайате аз сиёсатмадорони ин Шӯро бо Толибон ва кишварҳои дахил дар мавриди ояндаи Афғонистон ва давлати ҷадид гуфтугӯ кунанд.

Гуфта мешавад дар ин нишаст чеҳраҳои саршиноси зиддитолибоние чун Устод Атомуҳаммади Нур, волии пешини Балх ва раҳбари яке аз ҷиноҳҳои Ҷамъияти исломии Афғонистон, Абдураб Расули Сайёф,  раҳбари Ҳизби иттиҳоди исломӣ, Абдулрашид Дӯстум, роҳбари Ҳизби ҷунбиши миллӣ ва яке аз пешвоёни ӯзбекҳои Афғонистон, Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби  ваҳдати исломии мардуми Афғонистон ва яке аз раҳбюарони қавми ҳазора, Алмос Зоҳид, вакили пешини порлумон, Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси пешини Маҷлиси Намояндагони Афғонистон,  Алам Эзидёр, муовини пешини маҷлиси Сано, Ҳазрат Алӣ, яке аз фармондеҳони пешни ҷиҳодӣ аз Нангаҳор, Муҳаммад Юнуси Қонунӣ ва Муҳаммад Карими Халилӣ, муовинини қаблии раисҷумҳур, Аҳмад Валӣ Масъуд, сафири собиқи Афғонистон дар Лондон, Аҳмадзиё Масъуд, муовини пешини раисҷумҳур, Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини Раёсати амнияти милии Афғонистон ва чеҳраҳои дигар ширкат доштаанд. 

Бино ба иттилои "Афғонистон Интернешнл" Салоҳуддин Раббонӣ, вазири хориҷаи пешини Афғонистон ва яке аз раҳбарони Ҷамъияти исломӣ ва Муҳаммад Исмоилхон, вазири пештараи обу энержии ин кишвар ва аз чеҳраҳои пурнуфузи Ҷамъияти исломӣ дар ғарби Афғонистон, ба ин нишаст намояндагони худро фиристодаанд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ин нишаст бо ибтикори Юнуси Қонунӣ дар хонаи Абдурашид Дӯстум баргузор шудааст, ки аз сӯйи Расули Сайёф гардонандагӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ато Муҳаммади Нур, Дӯстум ва Муҳаққиқ

Дар нахустини нишасти ин Шӯро эълон шудааст, ки дар нишасти эҳтимолие, ки Толибон мехоҳанд рӯзҳои наздик дар Афғонистон баргузор кунанд, ширкат нахоҳанд кард. 

Ин дар ҳолест, ки Инъомулло Самангонӣ, яке аз сухангӯёни Толибон ҳафтаи гузашта ба расонаҳо гуфта буд, ки Комиссияи тамосе, ки дар Афғонистон ташкил шудааст кори тамос бо шахсиятҳои сиёсир тамом кардааст ва бархе аз чеҳраҳо ширкати худро таъйид кардаанд. Аммо Самангонӣ аз чеҳраҳои мушаххасе ном набурд. 

Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон гуфтааст, ки ба далели бархе мулоҳизаҳои Туркия на ҳама афроди таъсиргузор тавонистаанд, ки ба Анқара биоянд ва бархе аз онҳо ба таври видеоӣ ширкат кардаанд. 

Дар ин Шӯро мувофиқат шудааст, ки дар Афғонистон бояд як низоми ғайримутамаркази порлумонӣ эҷод шавад. Ҳамчунин дар ин нишаст ба роҳандозии интихобот дар сатҳҳои гуногун, риояи ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занҳо низ таъкид шудааст.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...