Ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” шаби гузашта ҳангоми парвоз дар хатсайри Масква-Кӯлоб аз нимароҳ ба кафо баргаштааст. Расонаҳои русӣ мегӯянд, Тоҷикистон ба ин ҳавопаймо иҷоза надодааст, ки дар фурудгоҳи Кӯлоб нишинад. Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст.
Расонаҳои русӣ ба истинод ба маълумоти хадамоти Flightradar24 навиштанд, ки ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии”, ки аз самти Масква ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб парвоз мекард аз фазои вилояти Пенза ба қафо баргардонда шуд. Дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" низ вазъиятро шарҳ надодааст.
Хабаргузории русии “Уральский-рабочий” мегӯяд, парвоз дар хатсайри U6-8969 мебоист шаби 18-уми май аз фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб анҷом меёфт. Манбаъ гуфтааст, аммо Тоҷикистон иҷозаи қабулро надодааст.
Аммо ба навиштаи Telegram-канали “Авиаторшина”, ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” “пас аз тақрибан як соати парвоз, вақте ки ҳавопаймо дар осмони вилояти Пенза парвоз мекард, ба қафо баргардонида шуда тақрибан соати яки шаб дар фурудгоҳи Домодедово фуруд омад. Сабаб дар он аст, ки ҳавопаймо иҷозаи вуруд шудан ба Тоҷикистонро надошт”.
Дар мавриди шумори мусофирон ва тақдири онҳо чизе гуфта нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, рӯзи 18-уми май парвози ҳавопаймоҳои дигари ширкати “Уралские авиалинии” аз шаҳрҳои Екатеринбург ва Маскав ба Кӯлоб ва бозгашт ба таври маъмулӣ сурат гирифта буд.