Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 9-10-уми декабр дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон, ки таҳияи тоза ва мувофиқасозии лоиҳаи Созишнома оид ба табодули маълумот дар мубориза бо ҷинояткории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ӯҳда доштанд, баргузор мешавад.
Тавре корманди масъули хадамоти матбуотии кумита Мария Гутсало ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар созишнома мақомоти дахлдори кишварҳо ӯҳдадор мешаванд, ки ҷиҳати пешгирӣ, ошкорсозӣ, ҷилавгирӣ кардан ва тафтишоти амалҳои ҷинояткорӣ ба ҳамдигар маълумоти зарурии мавҷударо таври ройгон пешниҳод хоҳанд кард.
Ба қавли ӯ, ҳамчунин роҳандозии табодули таҷриба оид ба коргузории идмиву техникӣ ва таҳияи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ низ дар назар аст. «Роҳандозии ҳамкориҳо оид ба табодули таҷриба ва пешниҳоди маълумоти тибқи қонунгузории мавҷудаи кишварҳо ва ӯҳдадориҳои байнулмилалии онҳо дар ин самт сурат хоҳад гирифт», – афзуд М.Гутсало.