Дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2022 дар қонунгузории андози аксари манотиқи Русия тағйирот ба амал омад ва коэффитсенти минтақавӣ низ барои ҳисоб кардани арзиши патент дар соли 2023 зиёд шуд, ки бар ин асос, муҳоҷирон барои патент маблағи бештар месупоранд.
Мутобиқи моддаи 227.1-и Кодекси андози Федератсияи Русия, шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати гирифтани патент 1200 рубл барои як моҳ пардохт мекунанд. Ба ин маблағ ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни Русия вобаста ба нишондиҳандаҳои иқтисодии он, маблағи иловагӣ зам мегардад, ки ҳаҷми онро мақомоти маҳаллӣ мушаххас мекунанд. Аз ин лиҳоз, нархи патент дар минтақаҳо фарқ мекунад.
Метавонед бо тағйирот дар нархи патент барои муҳоҷирони корӣ дар соли 2023 дар манотиқи дигари Русия дар ин пайванд шинос шавед. Ҳамчунин, метавонед нархи патентро дар соли 2022 дар ин пайванд пайдо кунед.