Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи истифодаи механизми ҳисоббаробарӣ дар савдо бо рупияи Ҳиндустон гуфтушунид доранд, хабар медиҳад Reuters.
Механизми мазкур имкон медиҳад, ки дар амалиёти молиявӣ (транзаксияҳо)-и байнулмилалӣ ба ивази доллар ва дигар асъори ҷаҳон рупия истифода шавад.
Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз Тоҷикистон, дар ин маврид Куба, Люксембург ва Судон низ гуфтушунид дошта, инчунин ба масъалаи мазкур Маврикия ва Шри-Ланка таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Бонки захиравии Ҳиндустон (RBI) механизми ҳисоббаробарӣ дар савдоро бо рупияи Ҳиндустон моҳи июли соли равон таҳия намуд.
“Ҳукумати Ҳиндустон ният дорад, ки ба ин механизм кишварҳоеро ҷалб намояд, ки дар онҳо доллар кофӣ нест, гуфтааст мансабдори давлатӣ ва як манбаъ аз ин соҳа, ки аз ин масъала огаҳ аст. Манбаъҳо аз ифшои ному насабашон худдорӣ қарданд, зеро ин масъала махфӣ аст”, – таъкид мешавад дар хабари Reuters.
Ҳамчунин дар бораи гуфтушунидҳо оид ба истифодаи ин механизм бо шарикони нисбатан бузургтари Ҳиндустон, аз ҷумла содиркунандагони муҳими нафт – Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб сухан меравад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон 113 млн долларро ташкил додааст, ки ба 1,7% аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хорииҷии ҷумҳурӣ баробар аст. Ҳиссаи воридоти молу маҳсулот аз Ҳиндустон дар ҳаҷми умумии савдои дуҷониба 99,9%-ро ташкил медиҳад.