spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Толибон пас аз манъи таҳсил занонро аз ҳаққи кор дар созмонҳои давлативу хориҷӣ маҳрум карданд

Толибон* дар пайи манъи омӯзиш ва таҳсили занон, дастур таваққуфи кори занон дар созмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар Афғонистонро содир кардаанд. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ" бо такя ба манобеъи худ дар Вазорати иқтисоди Толибон* хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мактуби Вазорат иқтисоди Толибон*, ки дастраси рӯзномаи "8 субҳ" ҳам гардид, ин гурӯҳ дирӯз, шанбе, 24-уми декабр, ба тамом муассисаҳои дохилӣ ва хориҷии фаъол дар Афғонистон дастур додаанд, ки фаъолияти кормандони занро то "амр сонӣ" мутаваққиф кунанд.

Далели ин иқдоми Вазорати иқтисоди Толибон*, адами риояти нашудани пушидани ҳиҷоб ва қавонини маврид назари ин гурӯҳ унвон шудааст.

«Вазорати иқтисод бар асоси масъулияте, ки дорад, ба тамом муассисот ҳидоят медиҳад, ки то амри сонӣ кори тамоми кормандони унос (зан), ки дар бахшҳои марбутаашон ифои вазифа мекунандро таваққуф диҳанд”, – омадааст дар ин мактуб.

Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, вазири иқтисоди Толибон*, ҳушдор додааст, ки дар сурати иҷро накардан ва баҳонаҷӯи аз мӯҳтавои мундариҷа дар ин мактуб, иҷозаи кори муассисаи аҳдшикананда лағв хоҳад шуд.

Ин тасмими Толибон бо вокуниши бархе аз ниҳодҳо ва шаҳрвандони Афғонистон рӯбарӯ гардид.

Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон дар як баёния дар робита ба ин дастури Толибон* гуфтааст, ин мактуб охирин мех бар маҳви занон аз зиндагии умумӣ аст.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Толибон таҳсили духтарон дар донишгоҳро манъ карданд. Ҷангҷӯён макотиби олиро иҳота кардаанд

Созмон афви байналмилал низ дар “Твиттер” аз ин тасмими Толибон* интиқод карда, онро иқдоме барои ҳазфи занон аз саҳнаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хондааст.

Дар ҳамин ҳол, ниҳоди ҳамоҳангкунандаи кӯмакҳои башардӯстонаи Созмони милал (UN Office for Coordination of Humanitarian Affairs) дар хабарномае гуфтааст, ки ниҳодҳои Созмони милал ва ширикони ин созмон дар Афғонистон, ин тасмимро накӯҳиш мекунанд.

“Яунин дастур ҳуқуқи бунёди занонро нақз мекунад ва дар тазодд бо усули инсонӣ аст”, – гуфта шудааст дар хабарномаи ин созмон.

Дастури қатъи кор дар муасисаҳои дохиливу хориҷӣ барои занон дар ҳолест, ки Толибон* ҳафтаи гузашта бо судури фармоне эълом карданд, ки ҳузури донишҷуёни духтар дар донишгоҳҳо ва муассисоти таҳсилоти олӣ мамнуъ аст.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Аз Аҳмад Масъуд то Ғаниву Ҳикматёр. Интиқод аз тасмими Толибон

Ин фармони Толибон вокунишҳои бисёре дар пай дошт ва ҳазорон тан алайҳи ин дастур эътироз карданд. Аммо эътирозҳо бо латукӯб ва шиллики гулӯла посух дода шуд.

Толибон аз баъд аз тасаллут бар Афғонистон, маҳдудитҳои зиёдеро бар зиндаагии занон вазъ кардаанд ва тозатарини он мамнуъияти таҳсил ва таълим ва ҳамчунон мамнуъияти кор занон дар муассисоти дохилӣ ва хориҷии Афғонистон аст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...