Иқтисоди Тоҷикистон рушди устуворро дар соли 2022 бо коҳиши камтарин бар асари ҷанги Украина идома дод, зикр мегардад дар изҳороти намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз рӯи натиҷаҳои сафари навбатиашон ба ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба андозаи 8%, дар навбати аввал аз ҳисоби рушди саноат, бахши кишоварзӣ ва сохтмон таъмин карда шуд.
Дар изҳорот таъкид мешавад, ки пешгӯиҳои манфӣ барои иқтисоди Тоҷикистон бар асари ҷанг дар Украина амалӣ нагардид.
“Интиқоли пул дарҳол пас аз оғози ҷанг коҳиш ёфта, аммо дар семоҳаи дуюм якбора боло рафт. Ин имкон дод, ки барзиёдӣ (профисит)-и ҳисоби ҷорӣ нигоҳ дошта шуда, захираҳои асъорӣ аз 2,5 млрд доллар дар охири соли 2021 то ба 3,4 млрд доллар дар моҳи октябри соли ҷорӣ зиёд шавад, ки беш аз 8 моҳи рӯйпӯши воридотро ташкил медиҳад”, – зикр мекунанд намояндагони Хазина.
Онҳо таъкид мекунанд, ки сарфи назар аз нархҳои нисбатан баланди ҷаҳонӣ ба ашёи хом, сатҳи таваррум имсол хуб нигоҳ дошта шуд.
“Сатҳи таварруми солона аз 8%-и охири соли 2021 то ба 4,5% дар моҳи ноябри соли 2022 поин рафт, ки аз нишондиҳандаи миёнамуҳлати ҳадафноки Бонки миллии Тоҷикистон (6 (±2)%) пасттар аст.
Сиёсати қатъии пулию қарзӣ ба ҷилавгирӣ аз фишорҳои таваррум мусоидат карда, дар ҳамин ҳол, болоравии нархи ҷаҳонии маводи ғизоӣ ва сӯзишвории воридотӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо тақвияти қурби сомонӣ ва озод шудани захираҳои стратегии маводи ғизоӣ ба эътидол омад. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба истеъмоли дохилӣ нигаронида шудааст, инчунин нархи ғизои ватаниро зери назорат нигоҳ дошт”, – зикр мегардад дар изҳорот.
Мутахассисони Хазина пешгӯӣ мекунанд, ки "номуайянии назаррас дар ояндаи наздик боқӣ мемонад".
“Ҳарчанд оқибатҳои манфии ҷанг ҳоло амалӣ нагардида бошанд ҳам, номаълум боқӣ мемонад, ки то кадом андоза Тоҷикистон аз суст шудани фаъолмандии иқтисодӣ дар Русия эмин мемонад”, – чунин мешуморанд дар ХБА.
Онҳо интизорӣ доранд, ки коҳиши интиқоли пул ба рушди иқтисод бо эҳтимоли таъсири дуюмдараҷа барои низоми бонкӣ таъсири манфӣ мерасонад.
“Бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия метавонад ниёз ба густариши кумакҳои иҷтимоиро бештар кунад”, – гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар он пешбинӣ мешавад, ки афзоиши воқеии ММД соли оянда то 5% кам мешавад, зеро таҳлилагрони Хазина таъсири мусбати интиқоли маблағҳоро пешбинӣ мекунанд.