Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 7 сол дар симмати муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият кардаву моҳи июни имсол аз вазифа сабукдӯш гардида буд, аз ҳайати раёсати БМТ низ хориҷ карда шуд. Дар ин бора фармони Президенти Тоҷикистон 13 декабри соли 2022, таҳти № 481 содир шуда, дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон интишор ёфтааст.
Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ҷамолиддин Нуралиев аз раёсати БМТ хориҷ ва ба ҷои ӯ ду нафар – Фирӯз Шарифзода ва Алиҷон Салимзодаро, муовинони нави раиси БМТ ба ҳайси аъзои ҷадиди раёсати бонк таъйин шудаанд.
Ҷамолиддин Нуралиев, ки 7 соли ахир, аз моҳи майи соли 2015 то июни 2022, ба ҳайси муовини раиси БМТ фаъолият дошт, моҳи июни соли равон бо имзои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ин мансаб барканор шуд.
Бояд гуфт, дар фармони ба имзо расонидаи раисиҷумҳур сабаби барканории Ҷамолиддин Нуралиев “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта мешуд, аммо бо гузашти 6 моҳ маълум нест, ки ӯ ба кадом кори дигар таъйин шудааст.
Ҷамолиддин Нуралиев домоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буда, қаблан дар вазифаҳои муовин ва муовини аввали вазири молияи кишвар низ фаъолият кардааст.