Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) раддабанди варзишгаронро дар соли 2022 ҷамъбаст намуда, номи беҳтаринҳоро дар сомонаи худ интишор намуд, ки дар он Темур Раҳимов низ шомил аст.
Темур Раҳимов, ки дар вазни беш аз 100 кг моҳи август ба зинаи аввал баромада буд, тавонистааст мавқеи худро ҳифз кунад.
Раддабандии нави Федератсияи байналмилалии ҷудо дирӯз, 27-уми декабр, дар сомонаи он интишор гардид.
Дар ҳоли ҳозир ин беҳтарин натиҷа миёни ҷудочиёни тоҷик дониста мешавад.
Дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии ҷудо дар вазни то 60 кг варзишкори давлати Тайбей Ян Юнвэй мақоми якумро ишғол намудааст.
Дар вазни то 66 кг бошад, Денис Виеру аз кишвари Молдовия дар мақоми аввал аст.
Дар вазни то 73 кг варзишгари гурҷӣ Лаша Шавдатуашвилӣ пешсафи раддабандӣ аст.
Дар вазни то 81 кг низ варзишгари гурҷӣ Тато Григалашвили мақоми аввалро соҳиб шудааст.
Дар вазни то 90 кг Давлат Бобонов аз Ӯзбекистон бештар аз ҳама хол ба даст оварда, ҷойи якумро соҳиб шудааст.
Дар вазни то 100 кг боз як намояндаи давлати Гурҷистон Илиа Суламанидзе дар садри раддабандӣ қарор дорад.
Миёни бонувон ҳам беҳтаринҳо барои соли 2022 мушаххас шудаанд.
Ҳамин тавр, дар вазни то 48 кг Ширин Букли аз Фаронса мақоми аввалро касб кардааст.
Дар вазни то 52 кг намояндаи Британияи Кабир Челси Ҷилс зинаи аввалро ишғол мекунад.
Дар вазни то 57 кг Христа Дегучи аз Канада ҷойи якумро соҳиб шудааст.
Дар вазни то 63 кг Люси Реншел аз Британия Кабир мақоми аввалро ишғол мекунад.
Дар вазни то 70 кг варзишгар аз Хорватия Барбара Матич дар ҷойи якум қарор дорад.
Дар вазни то 78 кг Агуар Майра аз кишвари Бразилия соҳиби мақоми аввал шудааст.
Дар вазни беш аз 78 кг бошад Дикко Романе аз давлати Фаронса дар ҷойи якум қарор дорад.