spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Ботканд аз қочоқи нуриҳои минералӣ ба Тоҷикистон пешгирӣ шуд

Дар вилояти Ботканди Қирғизистон аз қочоқи нуриҳои минералӣ ба Тоҷикистон пешгирӣ шуд. Дар ин бора Tazabek.kg бо истинод ба маълумоти хадамоти матбуоти КДАМ-и ин кишвар аз 3 январ хабар медиҳад.

Мувофиқи ин маълумот, 1 январи соли 2023 аз кӯшиши интиқоли ғайриқонунии нуриҳои минералӣ аз қаламрави деҳаи Уч-Добои ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд ба деҳаи наздимарзии Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ҷилавгирӣ шудааст.

“Шаҳрвандони Қирғизистон, соли таваллудашон 1994 бо истифода аз автомашинаи Audi 100 мехостанд як долон (канал)-и қочоқ ташкил карда, бо роҳи наздиктарини сарҳад борҳоро ба миқдори начандон зиёд ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар натиҷа автомашина ва бор – 7 халта селитра мусодира шуда, аз рӯи ин далел тадбирҳои фаврии тафтишотӣ роҳандозӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли 2022 Вазорати кишоварзии Қирғизистон пешниҳод намуд, ки содироти нуриҳои минералӣ аз кишвар ба қаламрави давлатҳои берун аз ҳудуди қаламрави гумрукии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) манъ карда шавад, ки бештар ба Тоҷикистон дахл дошт.

Қобили зикр аст, ки то оғози корҳои саҳроӣ дар натиҷаи содироти дубора (реэкспорт)-и нуриҳои минералӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон, дар манотиқи ҷануби ин кишвар камбуди он ба мушоҳида мерасад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон сад дарсад аз воридоти нуриҳои минералӣ вобаста аст

Бо истифода аз барвақттар оғоз шудани корҳои саҳроӣ дар Тоҷикистон дар мавсими баҳор ва бинобар зиёд будани талабот ва гаронии нархи нуриҳои минералӣ дар ҷумҳурӣ, миёнаравон нуриҳои минералиро аз маҳалҳои Қирғизистон харида, гаронтар ба берун аз ҳудуди кишвар мефурӯшанд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба нуриҳои минералӣ 550 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Лекин аз ин миқдор ду баробар камтар оварда мешавад.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳаҷми воридоти нуриҳои минералӣ ба кишвар дар се соли ахир тариқи зайл аст:

– соли 2020 – 204 ҳазор тонна ба маблағи 44,3 млн доллар;

– соли 2021 – 198 ҳазор тонна ба маблағи 42,1 млн доллар;

– 6 моҳи соли 2022 – 104 ҳазор тонна ба маблағи 35 млн доллар.

Агар нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли гузашта (143 ҳазор тонна ба маблағи 29 млн доллар ё худ 202 доллар барои 1 тонна) ва имсола (336 доллар барои 1 тонна) муқоиса шавад, пас нарх ба ҳисоби миёна 66% боло рафтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...