spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон соли гузашта 9% арзон шуданд

Арзоншавии сабикаҳо ё худ “хиштҳо”-и тиллои ченшудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) пас аз қиматшавии босуръат дар соли пандемияи 2020 дар соли 2022 идома ёфт.

Ҷараёни поинравии нархи онҳо дар соли гузашта суръат гирифт – аз 4,1% дар соли 2021 то 9% дар соли 2022.

Ёдрас мекунем, ки дар соли 2020 бар асари болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба металли №1, сабикаҳои тиллоти БМТ ба андозаи 43% қимат шуданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Захираҳои тиллои Тоҷикистон дар семоҳаи 2-юм ҳудуди 17,2 тоннаро ташкил доданд

Арзиши сабикаи 5-грамма имрӯз, 4 январ 3 ҳазору 117 сомониро ташкил медиҳад, ки 306 камтар нисбат ба аввали соли гузашта аст. Сабикаи 100-грамма 6 ҳазору 112 сомонӣ арзонтар шуда, акнун 61 ҳазору 255 сомонӣ нарх дорад.

Аз ҷониби Бонки миллӣ ҳамчунин сабикаҳои ченшудаи вазнашон 10, 20 ва 50 граммӣ низ фурӯхта мешаванд. Чи қадре, ки вазни сабикаи ченшуда зиёдтар бошад, тилло ҳамон қадр ба харидор арзонтар меафтад ва баръакс. Масалан, ҳар 1 грамми сабикаи 5-граммӣ ба харидор 635,4 сомонӣ (62,2 доллар) ва баръакс 100-граммӣ – 612,5 сомонӣ (60 доллар) нарх дорад.

Қобили зикр аст, ки соли 2020 нархи нисбатан баланди тилло тайи ду қарни охир (аз соли 1830 то ҳозир) ба қайд гирифта шуд: 7 августи соли 2020 арзиши як унсия дар биржаи Лондон (дар бонки Rothschild) ба 2 ҳазору 67,15 доллар расид. Имрӯз як унсия 1 ҳазору 839,2 доллар нарх дорад. Як унсия ба 28,3 грамм баробар аст.

Сабикаҳоро аз куҷо метавон харидорӣ кард?

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард.

Сабикаҳо аз ҷониби Департаменти гардиши пул ва амалиёти хазинавии БМТ дар Душанбе, ки дар бинои кӯҳнаи бонк воқеъ аст, фурӯхта мешаванд.

Бо пешниҳоди шиноснома ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ сабикаи тилло харида метавонад. Дигар ҳуҷҷати иловагӣ талаб карда намешавад. Дар ҳамин ҳол маҳдудияти фурӯш вуҷуд дорад: ба 1 нафар 1 кило дар як сол.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сабикаҳои тилло дар Тоҷикистон 25% қимат шуданд

Шахсони ҳуқуқӣ, ки сабикаҳои тиллои ченшуда харидан мехоҳанд, бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи намояндаи шахси ҳуқуқиро бо худ дошта бошанд.

Гувоҳнома (сертифкати) сабика бастаи махсуси муҳофизатӣ мебошад, ки аз маълумоти зерин иборат аст: рақами гувоҳнома, номгӯи маҳсулот ва истеҳсолкунанда, рақам ва озмоиши сабика, инчунин вазни номиналии он бо грамм.

Хариду фурӯши сабикаҳои тиллои ченшуда бо асъори миллӣ – сомонӣ анҷом дода мешаванд.

Барои истеҳсоли сабикаҳо аз металл (фулузот)-и дар ҷумҳурӣ истихроҷгардида истифода мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, ҳамаи тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молия харидорӣ гардида, ҳаҷми начандон зиёди он ба корхона ва коргоҳҳои заргарӣ фурӯхта мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...