spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Созиши кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тақсими об дар мавсими соли 2023

Лимит (маҳдудият)-и обгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта дар ҷараёни ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об дар Ашқобод тасдиқ шуда буд.

Мувофиқи лимит, ҳамагӣ дар як сол (дар давраи аз 1 октябр соли 2022 то 1 октябри соли 2023) обгирӣ аз ҳавзаи Амударё бояд 55,4 млрд метри мукаабро ташкил диҳад, ки аз ин 15,7 млрд метри мукаабаш ба давраи байни обёрӣ ва нашъунамо (то 1 апрели соли 2023) рост меояд.

Тибқи ин созишнома, Тоҷикистон 9,8 млрд метри мукааб, Ӯзбекистон – ҳудуди 23,6 млрд ва Турманистон – 22 млрд метри мукааб об мегиранд.

Лимити обгирӣ аз ҳавзаи Сирдарё 4,2 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор Тоҷикистон 365 млн метри мукааб, Ӯзбекистон – 3,3 млрд, Қазоқистон – 452 млн ва Қирғизистон – 47 млн метри мукааб об мегиранд.

Гуфта мешавад, ҳаҷми оби ҳавзаи Амударё дар мавсими нашъунамои соли 2022 хеле номуайян буд: агар дар моҳҳои апрел-май он дар ҳудуди муқаррарӣ бошад, пас аз моҳи июн то 85-65% кам шуда, то охири муҳлат аз меъёр паст боқӣ монд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қазоқистону Ӯзбекистон доир ба гирифтани об аз Тоҷикистон дар мавсими обёрӣ созиш ҳосил карданд

Дар шароити кунунии марбут ба об ҳаҷми умумии оби истифодашуда дар ҳавза 79,1 фоиз аз меъёри муқарраршударо ташкил дод, аз ҷумла дар Тоҷикистон воқеан 95,3 фоиз, Туркманистон – 83,3 фоиз, Ӯзбекистон – 68,7 фоиз аз меъёри муқарраршуда об истифода шуд.

Аз 1 апрел то 30 сентябри соли 2022 бо лимити 11,8 млрд метри мукааб обгирӣ аз ҳавзаи Сирдарё 10,1 млрд метри мукаабро ташкил дод. Аз ҷумла Тоҷикистон бо лимити 1,9 млрд метри мукааб зиёда аз 1,5 млрд обро истифода кард.

Ҷаласаи 84-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об моҳи апрели соли 2023 дар Душанбе доир мегардад. Дар он иловатан масоили таъминот бо об дар давраи обёрӣ ва нашъунамои мавсими нави аграрӣ барррасӣ хоҳанд шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...