Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як нафар ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар сомонаи худ иттилоъ медиҳад.
Таъкид мегардад, ки садама рӯзи сешанбе, 10-уми январ, дар километри 53-юми ин роҳ рух додааст.
“Ронандаи худрави «Opel Zafira» ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Хуҷанд, идораи нақлиётро аз даст дода, ба мошини интиқоли гази моеъ бархӯрдааст”, – гуфта мешавад дар хабари ин ниҳод.
Наҷотдиҳандагон аз мошини ба садама дучоршуда шаш мусофирро бо ҷароҳатҳои гуногун берун кашидаан ва яке аз онҳо дар роҳ ба сӯйи шифохона ба ҳалокат расидааст. Панҷ нафари дигар ҳоло дар бемористони ноҳияи Варзоб бистарӣ мебошанд.
Сабабҳои садамаро мақомоти дахлдор тафтиш доранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки бар асари бориши зиёди барф, дирӯз дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ тармаи зиёд фаромада, ҳаракати нақлиётро душвор намуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ҳамчунин, ширкати нигоҳбони роҳ “IRS” дирӯз, 10-уми январ, чанд маротиба аз баста шудану боз гардидани роҳи Душанбе – Чаноқ иттилоъ дода, аз сокинон хоста буданд, ки бе зарурат тавассути ин роҳ ба сафар набароянд.