Аввали январ то чанд сол пеш дар Тоҷикистон баҳсҳои ҷолибе пеш меомад: кӣ меравад ва кӣ мемонад. Одамон, ҳатто маҷлисҳои солонаи ҳукуматро бегоҳ аз ТВТ бошавқ тамошо мекарданд, то бубинанд, ки президент киро аз толор пеш мекунад ва пас аз ин ҷаласа “моддаи 69” ба ҷониби кадоме “меҳмон” мешавад.
Аммо чанд соли ахир чунин шӯру шавқ нест. Маҷлисҳои ҳукумат ҳам, ки баъзан ду рӯз давом мекард, дар он шакл сурат намегиранд. Ё шояд ҳоло ҳам чунин бошаду шабакаҳои телевизионӣ пахши онҳоро зарур намедонанд?
Акнун, агар дигаргуниҳои кадрие пеш меоянд, он бештар ба ҷобаҷогузории муқараррӣ монанд аст: аз ин мансаб барканор ва ба мансаби дигаре таъин мешавад. Пуркунандаи “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” пеш ҳам буд, ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Бархе мансабдорон баъди чунин шеваи фармони худ то дер дар интизор мемонданд, ки куҷо мераванд, баъзеи дигар дар фурсати кӯтоҳ курсии навро соҳиб мешуданд.
Вақте ҳамаро президент ҳал мекунад…
Албатта то ин замон ҳам, тайи беш аз 30 соли ахир, ҷомеаи Тоҷикистон аслан намедонист ин ё он нафар чаро ба мансаби давлатие таъин шудаву барои чӣ барканор мешавад. Дар ин масъала баъзан ҳатто низоми Афғонистони то замони толибонро муваффақтар медонистанд, ки интихоб ва таъини як вазир шаффофтар ба назар мерасид. Ба ҳар ҳол, парламенти ин кишвари ҷангзада ҳар таъиноти президентро ба қавле дар “элак мебехт”, то ин ки ӯ ба курсӣ нишинад. Борҳо ин иттифоқ пеш омад, ки кадрҳои пешниҳодшудаву таъинкардаи чандин президенти афғон аз ҷониби Луи ҷирга – парламенти Афғонистон пазируфта нашуд – то замоне, ки он мансабдор исбот намояд: бо чӣ барномаи мушаххас рӯи кор омаданист!
Ин асли ҳар кишварест, ки ба арзишҳои демократӣ эҳтиром қоил аст ва дар он тавозуни нерӯҳои сиёсӣ риоя мешавад. Аз ҷониби дигар, вақте мансабдорони давлатӣ дар паи баҳсу баррасиҳо, ё дар назардошт бо тавозуни сиёсии нерӯҳои мухталиф таъину интихоб мешаванд, маълум кардан осон хоҳад буд, ки ӯ барои чӣ, ё ба хотири кадом махсусиятҳо ба мансаби давлатӣ омаду чаро аз он рафт. Истеъфо фиристодани мансабдорон ҳам дар ин сурат осон мешавад: фалон чиро ваъда дода буд, аммо иҷро накард!
Ҳоло бархе аз кишварҳо мансабдорони худро бештар аз тариқи озмун интихоб мекунанд. Ин хос ба кишварҳоест, ки дар он мансабдорони давлатӣ нақши як менеҷери муваффақро мебозанд.
Тоҷикистон дар заминаи таъиноти кадрӣ махсусиятҳои худро дорад. Тибқи моддаи машҳури 69 –и Конститутсияи Тоҷикистон ба қатори салоҳиятҳои президент, аз ҷумла барҳам задан ва таъсис додани вазорату кумитаҳои давлатӣ, таъин ва озод намудани намудани сарвазир ва аъзои дигари ҳукумат, таъин ва озод намудани раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ, таъсис додани Дастгоҳи иҷроияи президент, таъсисдиҳӣ ва роҳбарии Шӯрои амният, таъин ва озод намудани тамоми намуди судҳо, фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дохил мешавад. Ӯ ҳамчунин номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд, бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад.
Ҳоло, ҳатто сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, прокурору роҳбарони шӯъбаву раёсатҳои амнияти шаҳру ноҳияу вилоятҳо, ҳамон тавре дар хабарҳо мехонем, “дар мувофиқа бо президент” таъин ва аз вазифа барканор мешаванд.
Зимнан, баъзе аз фармонҳои худро Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ пешниҳод менамояд, ки онҳо аз ҷониби яке аз ин ду палатаи парламент якдилона пазируфта мешаванд. Ба ҳар ҳол, то имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ёд надорад, ки кадоме аз номзадҳои пешбаринамудаи Президенти кишвар дар парламент мавриди баҳс, ё шубҳа қарор гирифта бошад. Фаҳмиш дар он ҷо шояд дигар аст: дар “боло” беҳуда чунин тасмим намегиранд!
Хулоса, Тоҷикистон солҳост як низоми қавии президентиро аз ҷумла дар масъалаи таъини кадрҳо барои худ интихоб кардааст. Барои чунин низоми қавӣ мисле, ки Эмомалӣ Раҳмон асосҳое дорад.
Фарзияҳои амалинашудаи соли 2020
Президенти Тоҷикистон чандин бор дар суханрониҳои аз коғаз беруни худ ишора кардааст, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳз “демократияи зиёд”, аз ҷумла дар тақсимоти вазифаҳост. Ӯ аз ҷумла гуфта буд, ки дар ибтидои солҳои 90 –и асри гузашта дар байни чанд моҳ 4-5 маротиба сарвазирро иваз карданд.
Аммо худи ӯ охири соли 1992, замоне ба қудрат расид, ки командаи устувори ҳамроҳ надошт. Бо ду сабаб. Аввалан, соли 1992 ӯ дар доираҳои сиёсӣ шинохти камтар дошт ва дуюм, мансабдорони фаъоли вақт ба тӯлонӣ будани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бовар надоштанд.
Ҳоло бошад, 31 сол аст ӯ дар раъси ҳукумат қарор дорад. Аз командаи кӯҳна, ки ҳамроҳаш омада буданд, тақрибан касе дар умури давлатӣ намондааст. Як қисмашон ба нафақа фиристода шуданд. Барои қаноати бархе, фарзандонашонро ба ин ё он мансаби давлатӣ таъин намудаанд.
Таҳлилгарон дар назардошт бо ҳама махсусиятҳо таъиноти мансаб дар Тоҷикистонро аз рӯи се меъёр донистаанд:
Қаноати маҳалҳои ҷудогона (услуби бозмонда аз замони шӯравӣ);
Норозӣ накардани бархе афроди то ҷое таъсиргузори як замон ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон;
Дар замони иҷрои талаботи Созишномаи сулҳ ба хотири ором намудани гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ-низомии вақт.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи дигаре низ вуҷуд дорад, ки онҳо худро парвардаи мактаби хоси раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Акнун расман Мактаби Пешвои миллат ҳам амал мекунад ва гуфта мешавад ин гуна фан ва ҳатто факултет дар мактабҳои олии Тоҷикистон фаъол шудааст, ки барои соҳаҳои гуногун мутахассис омода менамояд.
Ба таври дигар, агар ҳудуди 15 сол қабл Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳо бисёр эҳсосӣ изҳор намуд, ки “ҳамон кадр набошад, аз куҷо онро ёбам”, ҳоло гӯё мушкиле дар ин замина боқӣ намондааст.
Барои ҳамин, пешопеши интихоботи президентии соли 2020 тахминҳое вуҷуд дошт, ки дар схемаи ҷобаҷогузории кадрҳо меъёрҳо комилан тағйир меёбанд. Тибқи ин фарзия бояд мақоми сарвазирӣ, ки тақрибан 30 соли ахир мансуб ба намояндаҳои шимоли мамлакат аст, аз онҳо гирифта мешуд. Барои чунин фарзия асос инро меоварданд, ки намояндаҳои вилояти Суғд дар ду вилояти калони Тоҷикистон – Хатлону Суғд роҳбарӣ мекунанд. Аз рӯи ин сенария мегуфтанд сарвазир баъдан ба намояндаи мардуми ҷануби кишвар дода мешавад. Зимнан, мисле, ки дар низоми фаъол муовини аввали сарвазир ваколатҳои хеле зиёд дорад ва ин дар худ маънии хосро меғунҷонад.
Бо гузашти инак се сол аз интихоботи президентӣ тағйироте дар ин росто пеш наомад. Аммо дар ҷобаҷогузории ахири кадрӣ раиси вилояти Хатлон, ки зодаи Суғд буд, барканор шуд ва ба ҷои ӯ Давлаталӣ Саид рафт, ки то ин замон муовинии аввали сарвазирро бо ваколатҳои зиёд ба зимма дошт. Қаблан ин эҳтимол вуҷуд дошт, ки Давлаталӣ Саид пас аз Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе таъин мешавад. Ҳоло, ки ӯ ба вилояти калонтарин рафт, аз номзадии як нафари таъсиргузори дигар дар низоми кадрии Тоҷикистон ном бурда мешавад, ки метавонад баъдан ба ҷои шаҳрдори ҳоло фаъол биёяд.
Аз рӯи тахминҳои соли 2020, гуфта мешуд дар натиҷаи роҳандозии он сенария, бояд ба Маҷлиси Миллӣ, ки мақоми дуюм пас аз президентист, ягон мансабдори бе амбитсияи зодаи шимол раис шавад. Ба Маҷлиси намояндагон, ки аз замони ташкилёбиаш хос ба намояндагони Рашт аст, эҳтимол дошт ягон мансабдори ВМКБ интихоб гардад. Барои зодагони ноҳияҳои тобеи пойтахт ва минтақаи Рашт гӯё мансаби муҳими дигареро дар назар доранд.
Ин тағйиротҳои усулӣ дар низоми кадрии Тоҷикистон, ки аз рӯи тахминҳо бояд ҳадди ақалл охири соли 2022 сурат мегирифт, дар назардошт бо як иттифоқи дигари сиёсӣ бояд пеш меомад: интихоби пеш аз мӯҳлати президентӣ!
Аз рӯи ин фарзия ҳар тағйироти кадрие акнун дар Тоҷикистон бояд сурат мегирифт, дар назардошт “барои ҳукумати оянда” аст. Аммо барои чунин як тағйироти ҷиддӣ дар ҷобаҷогузории кадрҳо, ки эҳтимол дар соли нав акнун оғоз меёбад, феълан аломате мушоҳида намешавад. Дуруст аст, ки дар чанд соли ахир кадрҳое аз қабили Ширин Амонзода ворид шудаанд, ки ба меъёрҳои пешина гӯё дахл надоранд, аммо онҳо ҳам дар низоми умумӣ чизеро тағйир надоданд.
На камтар аз 10 сол…
Вақте тағйироти аввалияи соли 2023 –ро ба баҳси чанд таҳлилгар гузоштам, то онҳо бигӯянд барои оянда чӣ пешбинӣ доранд, гуфтанд, ки “чизи ҷолиберо намебинам, ки шарҳ дода шавад”. Вале дар навбати худ мутмаинанд, ки як вижагии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар “ғайриқобили пешбинӣ будани он аст”.
Мегуфтанд, ки дар ҷобаҷогузории кадрии ҳоло суратгирифта набояд ягон рамз ё паёми номаълум суроғ кард, чун “асосан дар вазоратҳои "ғайрикалидӣ" ротатсия сурат гирифт”. Тағйироти кадрии ахир, ки чанд рӯз пеш дар бархе ниҳодҳои ҳукумати марказӣ пеш омад ва ҷобаҷогузории иттифоқафтодаи имрӯза дар сохтори шаҳрдории Душанбе, ноҳияҳои он ва бархе навоҳии дигарро низ наметавон калидӣ номид.
Ба таври дигар, дар муҳити коршиносиву таҳлилии Тоҷикистон ба ин назаранд, ки вақте дар бораи тағйиротҳои ҷиддӣ ва паёмдор мешавад сӯҳбат кард, ки дар ниҳодҳои таъсиргузор, хоса низомиву амниятӣ тағйирот пеш биёяд. Аммо дар ин бахш солҳои тӯлонӣ, на камтар аз 10 сол аст дигаргунӣ нашудааст. Аз ҷумла, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯъмин Ятимов ҳанӯз сентябри соли 2010, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода 5 январи соли 2012 ва вазири мудофиа Шералӣ Мирзо 20 ноябри соли 2013 таъин шудаанд. Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, ки эҳтимол ба яке аз курсиҳои масъули амниятӣ ё низомӣ таъин шавад, аз 23 январи соли 2015 масъулияти ҳозираи худро иҷро мекунад.
Агар аз рӯи ин фалсафа ва мантиқи таҳлилӣ хулоса намоем, пас феълан дар бораи “интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ” ва “кадр барои ҳукумати оянда”, ки ҳадди ақалл ду соли ахир дар борааш мегӯянд, ҳарф задан барвақт аст.
Ё шояд ҳамон тавре бархе таҳлилгарон гуфтанд, услуби “ғайриқобили пешбинӣ” ҳам дар миён бошад?
Чизе гуфтан душвор…