spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Толибон фаъолияти кошонаҳои ҳуснро ҳам манъ карданд

Девори маҳдудиятҳои Толибон* барои занон, бо гузашти ҳар рӯз баландтар мешавад. Пас аз маҳрумият аз омӯзиш, таҳсил, кор дар ниҳодҳои хусусӣ ва муассисаҳои дохилию хориҷӣ, инак ороишгоҳҳо ва коргоҳҳои занона низ баста шудааст. Бо баста шудан ороишгоҳҳо ва коргоҳҳои занон, равзанаҳои умед ва ҳузури маънодори занон дар иҷтимоъи ин кишвар аз байн рафтааст

Раёсати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон дастур масдуд шудани ороишгоҳҳои занонаро содир кардааст.

Ба иттилои хабаргузории amaajnews24 Толибон ба моликони ороишгоҳҳои занона дар Пули Хумрӣ 10 рӯз мӯҳлат додаанд, то ин дуконҳоро тахлия кунанд.

Ба гуфтаи дукондорони ин ороишгоҳҳо, пас аз 10 рӯз онҳо иҷозаи фаъолиятро надоранд.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳр Пули Хумрӣ беш аз 20 ороишгоҳ фаъолият доранд ва ин тасмими Толибон онҳоро нигарон сохтааст.

Ба навиштаи манбаъ, Толибон фикр мекунанд дар ороишгоҳҳо корҳои зидди ахлоқӣ сурат мегирад.

Дар ҳоле, ки сокинон аз воқеиятҳои худ шиква карда, талаби бастани кошонаҳои ҳуснро интиқод мекунанд, намояндаи Толибон дар Давҳаи Қатар Муҳаммад Суҳайл Шоҳин ба ТАСС гуфтааст, ки "ин асоси воқеӣ надорад ва онҳо хабари мазкурро рад мекунанд".

Ҳамчунин, Толибон рӯзи сешанбе, 10-уми январ, дарвозаҳои шуморе аз коргоҳҳои занонро дар шаҳри Ҳирот бастаанд. Шуморе аз ин занон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “8 субҳ” таъйид кардаанд, ки Толибон бар иловаи бастани дарвозаҳои коргоҳҳои мухталиф, таблоҳои онҳоро низ бардошта ва онҳоро таҳдид кардаанд, ки ҳақи бозкушоии ин марказҳоро надоранд.

Ин занон ва духтарон хостори бозкушоии коргоҳҳояшон шуда гуфтаанд, ки ин коргоҳҳо танҳо, макони умед ва сутуни иқтисоди хонаводаҳои онҳо аст, ки пас аз маҳдудиятҳои густурда ба онҳо умед баста буданд ва бо баста шудани онҳо ҳамаи орзуҳояшон бо хок яксон шудааст.

Бархе заноне, ки дар тайи чанд соли гузашта ба тиҷоратҳои кӯчак рӯ оварда буданд, ба ин боваранд, ки ин ҳама маҳдудиятҳо алайҳи занон аз меҳвари табъизи сохторманд фаротар рафтааст ва бояд бо созукорҳои ҷаҳонӣ ба он расидагӣ шавад. Ба гуфтаи занон, бетаваҷҷӯҳӣ дар қиболи ин «ҷинояти бузурги башарӣ» паёмадҳои ногувор дар пай хоҳад дошт, ки асароти он фаротар аз Афғонистон хоҳад рафт ва низоми байналмилалиро таҳдид хоҳад кард.

Толибон пас аз суқути низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон, ба рағми хушбиниҳои козибе, ки дар мавриди тағйири рӯйкард онҳо ба миён омада буд, ба сиёсатҳои табъизомез ва занситезона идома додаанд. Ин гурӯҳ дар нахустин рӯзҳои султа бар Афғонистон дарвозаҳои мактабҳои духтаронаро ба рӯйи донишомӯзони болотар аз синфи шашум бастанд ва баъд аз он ба таври мустамар сиёсатҳои саркӯбгарона ва ҳазфгароёнаро алайҳи занон ҷорӣ кардаанд.

Толибон пеш аз ин ҳаммомҳои занонаро низ масдуд карда буданд. Ин гурӯҳ ҳамчунин ҳузури занон дар варзишгоҳҳо ва маконҳои тафреҳиро низ манъ кардааст.

Илова бар ин, кор ва омӯзиши занон ва духтарон низ тавассути Толибон манъ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...