spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Маҳдудияти Федератсияи байналмилалии ҷудо барои Ҷаҳонгир Маҷидов бардошта шуд

Маҳдудияти иштирок ва касби холҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои Ҷаҳонгир Маҷидов, яке аз ҷудокорони шинохтаи тоҷик, ки се моҳ пештар аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо гузошта шуда буд, бардошта шуд. Қазияи Муллораҷаб Халифаев дар ҳоли баррасӣ аст. Дар ин бора Федератсяи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, ин тасмим дар натиҷаи гуфтушуниди Исмоил Маҳмадзоир, президенти Федератсия ҷудои Тоҷикистон бо шахсони маъсули Федератсияи байналмилалии ҷудо, ки чанд рӯз дар Тоҷикистон қарор дошгтанд, гирифта шуд.

Ҳамчунин, дар мулоқот дигар масъалаҳои мубрами рушди ҷудо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ин ниҳод гуфтааст, маҳдудияте, ки барои Муллораҷаб Халифаев аз сӯи Федератсияи байналмилалии ҷудо гузошта шудааст, ҳоло бартараф нашудааст ва он мавриди баррасӣ қарор дорад.

Моҳи ноябри соли 2022 Федератсияи байналмилалии ҷудо Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидовро барои қайди душаҳрвандӣ дар низоми Федератсияи байналмилалии ҷудо муҷозот ва тамоми холҳои бадастовардаи онҳоро бекор карда буд.

“Муллораҷаб Халифаев, ки як муддат аз номи Русия баромад мекард, дар система Федератсияи байналмилалии ҷудо худро аз номи ин кишвар сабт кардааст. Баъдан аз номи Тоҷикистон баромад кард ва баъди нигаронии Русия ин федератсия ӯро муҷозот намуд. Ҷаҳонгир Маҷидов, ки чанд вақт аз номи Озорбойҷон баромад мекард, дар система аз номи ин кишвар қайд шудааст. Вале баъдан аз номи Тоҷикистон баромад кард ва ҳамин тариқ, дар система номаълум монд”, – афзуда буданд аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Манбаъи мо гуфта буд,  ки инҷо танҳо хатои техникӣ дар системаи қайди Федератсияи байналмилалии ҷудо аст ва онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ин масъаларо дар наздиктарин фурсат ҳал кунанд.

Бояд гуфт, ки чанде пештар Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Муллораҷаб Халифаев барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи Тоскулоҳи бузурги “Baku Grand Slam 2022” 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...