Вазорати мубориза бо ҳаводиси табиии Афғонистон гуфтааст, ки дар пайи сардиҳои шадиди ахир дар ин кишвар дасти кам 70 нафар фавтидаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.
Ин нашрия бо истинод ба хабаргузории “Ал-ҷазира” рӯзи чаҳоршанбе, 18-уми январ, навишт, ки дар баробари фавти инсонҳо, ҳамчунин беш аз 70 ҳазор чорво низ бар асари сардӣ дар Афғонистон талаф ёфтаанд.
Намояндагони Толибон* гуфтааст, ки тайи ду ҳафтаи гузашта дар бештари вилоятҳои Афғонистон ҳаво фавқулода сард будааст, аз ҷумла дар вилоят Ғувр дар охири ҳафта ба -33 дараҷа расидааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз ҷон бохтани занону кӯдакон дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон хабар медиҳанд. Ба итилои расонаҳои маҳаллӣ, дар Ғазнӣ, Форёб, Ҷузҷон ва Бодғис 17 нафар ба шумули занону кӯдакон ҷон бохтаанд. Дар Ҳироту Бағлон 25 нафар, Сарипул ва Пактико 10 нафар аз сардии ҳаво ҷони худро аз даст додаанд.
Бояд гуфт, ки чанд рӯзи охир гузоришҳое аз вилоятҳои мухталифи Афғонистон дар робита ба фавти инсонҳо ва талафоти ҳайвонҳо аз сармои бесобиқаи ҳаво ба нашр мерасад.
Манобеъи маҳаллӣ аз набуди имконоти ҳадди ақал барои муқобила бо сармо ва пешгирӣ аз талафот шикоят доранд ва гуфтаанд, ки мақомҳои маҳаллии Толибон ҳеҷ тадбире барои расидагӣ ба мушкилот надоранд.
Аз сӯе ҳам, шуморе аз муассисоти байналмилалӣ хадамоташонро ба далели сиёсати Толибон дар мавриди ҳазфи занон аз ҷомеа боздоштаанд.