Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон – Сайдулло Хайруллоев
ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонун «Дар бораи карантини растанӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар рафти ҷаласа ҳамчунин лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои кишвар, аз ҷумла «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон», «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» баррасӣ шуданд.