spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оҷонсии зиддифасод боздошти раиси дастгоҳи Раштро расман тасдиқ карда, оид ба раис маълумот надод

Холмаҳмад Ортиқов, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт бо гумони қаллобӣ ба миқдори махсусан калон боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, чора дар шакли “забонхат дар бораи тарк накардани маҳҳали истиқоматаш” татбиқ шудааст.

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар як посухи катбӣ ба дархости “Азия-Плюс” дар робита ба дастгир гардидани Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ), раиси ноҳияи Рашт ва Холмаҳмад Ортиқов, роҳбари дастгоҳи ин ноҳия, гуфт, ки нисбати Холмаҳмад Ортиқов рӯзи 20-уми январ аз ҷониби Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон бо гумони қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) “парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати номбурда чораи пешгирӣ – забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат татбиқ гардидааст”.

Ин ниҳод дар робита ба боздошт ва ё боз гардидани парванда нисбати Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ), раиси ноҳияи Рашт иттилое надодааст. Ҳарчанд дар мактуби мо дарҷ шуда буд, ки дар бораи боздошти ҳам раис ва ҳам роҳбари дастгоҳи ноҳияи Рашт иттилоъ пешниҳод кунанд.

Дар суҳбати телефонӣ ҳам масъулини Оҷонсии зиддифасод ҳозир нашуданд, ки боздошт ва ё боз шудани парвандаро нисбати раиси ноҳияи Рашт тасдиқ ё рад кунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
ВАО: Раиси ноҳияи Рашт бо пора дастгир шудааст

Дар мактуби онҳо гуфта шудааст, ки тафтиши пешакии парванда идома дорад ва ҳоло вобаста ба он қарори ниҳоӣ қабул нашудааст.

Масъулини Оҷонсии зиддифасод бо ишора ба талаботи моддаи 177 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон аз додани маълумоти бештар дар бораи парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ кардаанд.

Пешниҳод нагардидани маълумот дар бораи боздошт ва ё боз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод дар ҳолест, ки рӯзи 23-юми январи соли 2023 Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ аз ин ниҳод иттилоъ дод, ки ӯ ҳамроҳи Холмуҳаммад Ортиқов, нисфирӯзии 22-юми январ, бо гумони “тақсими ғайриқонунии замин” ва “гирифтани ришва” дастгир шуданд.

Манбаи ин расона гуфтааст, онҳо “дар ҷойи кор ва дар ҳузури шоҳидон” боздошт шудаанд.

“Шикоят расид, ки раиси ноҳия замин фурӯхта, дар маркази ноҳия чанд ҷойро ғайриқонунӣ ба соҳибкорон додааст. Далели тақсими ғайриқонунии замин тасдиқ шуда буд, вале раисро ҳангоми гирифтани беш аз 10 ҳазор доллар боздошт карданд. Ришваро раҳбари дастгоҳ гирифта, ҳангоми ба раиси ноҳия додан дастгир шудааст,” – афзуда буд манбаи Радиои Озодӣ.

Як манбаи дигари гуфта буд, ки Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) ба сабаби масунияташ ҳамчун узви Маҷлиси Миллӣ аз боздошт раҳо шуда, нисбат ба раиси дастгоҳи ноҳияи Рашт ба гумони “қаллобӣ” парванда кушодаанд ва санҷиш нисбат ба ӯ идома дорад.

Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) 61-сола аст. Дар гузашта сардори Идораи молия ва муовини аввали раиси ҳукумати Рашт буд. Аз соли 2019 раёсати ҳукумати ноҳияро ба дӯш дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Посухи Оҷонсии зиддифасод ба "Азия-Плюс"

Холмаҳмад Ортиқов 64-сола аст. Аз соли 2017 дар мансаби раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт кор мекунад. Дар гузашта мудири маорифи минтақа буд.

Дар гузашта рӯйдодҳои ҳамсон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои дигар иттифоқ афтода буданд. Аз ҷумла, соли 2020 Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба иттиҳоми фасодкорӣ боздошт ва ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ ва пайвандонаш иттиҳомро рад карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...