spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазир ва роҳбари “Барқи тоҷик” нагуфтанд, ки ба Афғонистон чӣ миқдор барқ содирот мешавад

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об ва Маҳмадумар Асозода, роҳбари ширкати “Барқи тоҷик” оид ба ҳаҷму нархи барқи ба Афғонистон содиротшаванда дар соли 2023 ва қарзи ширкати “Брешно” (Корхонаи миллии барқи Афғонистон ё DABS) дар назди “Барқи тоҷик” иттилоъ надоданд.

Танҳо гуфтанд, содироти барқ ба ин кишвар мавсимӣ буда, аз моҳи май то сентябр амалӣ карда мешавад.

Маҳмадумар Асозода гуфт, дар фасли зимистон ҳаҷми содирот ба ҳадди 40-45 мегаватт аст.

“Танҳо 5 моҳ ба Афғонистон барқ содир мекунем. Дар ин панҷ моҳ ҳаҷми ҷараёни об дар дарёи Вахш боло меравад ва як қисми об бидуни коркарди нерӯи барқ партоб мешаваду қисми дигар барои тавлиди нерӯ барои содирот равона мешавад. Ҳадаф самаранок истифодабарии захираҳои энергетикии кишвар мебошад”,- гуфт Асозода.

Вазири энергетика ва зазираҳои оби Тоҷикистон низ бо таъкиди хусусияти мавсимӣ доштани фурӯши барқ ба хориҷ изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ мехоҳад дар таъмини минтақа бо нерӯи сабз мавқеи худро дошта бошад.

Далер  Ҷумъа ба суоли батакрори журналистон дар бораи нарх ва ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон дар соли 2023 посух надод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳмадумар Асозода

“Ҳар як шартнома паҳлӯҳои тиҷоратии худро дорад ва мо дар бораи баъзе масъалаҳои тиҷоратӣ иловатан маълумот пешкаш менамоем”, – гуфт вазири эенергетика.

Онҳо гуфтанд, дертар маълумоти иловагӣ пешниҳод мекунанд ва ҳаҷми муқараршуда танҳо ҳаҷми эҳтимолӣ аст. Вале дар бораи ҳаҷми эҳтимолӣ ҳам иттилоъ надоданд.

Ҳамчунин, на вазир ва на роҳбари ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи қарзи ширкати “Брешно”-и Афғонистон аз ширкати “Барқи тоҷик” иттилоъ надоданд ва танҳо гуфтанд, ки пардохти қарзи барқ аз ҷониби ширкат дар соли гузашта беҳтар шудааст ва дар баробари ин, содироти барқ низ афзоиш ёфтааст.

Онҳо ба таври мушаххас нагуфтанд, ки дар соли 2022 чӣ қадар барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон содир шуд ва ширктаи “Брешно” чӣ миқдор маблағи қарзи худро пардохт кард.

Далер Ҷумъа дар умум гуфт, ҳаҷми содироти барқ аз кишвар ба давлатҳои дигар 2 млрд  557, 6 млн кВт соатро ташкил дод ки ин нисбат ба соли 2021 дар ҳаҷми 118,4 млн кВт соат зиед буда, суръати афзоиш 105%-ро ташкил медиҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Соли 2022 Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ 106 млн доллар даромад гирифт

Далер Ҷумъа илова кард, ки мо ба Афғонистон тавассути ду хат барқ содирот мекунем.

Бояд гуфт, ки солҳои пештар ҳаҷми қарздории ин ширкат ва ҳаҷму нархи нерӯи барқ, ки аз ҷониби Тоҷикистон ба ширкати Брешно фурӯхта мешуд, пӯшида набуд ва масъулин онро ба рӯзноманигорон дастрас мекараданд. Маълум нест, ки чаро ин иттилоъро имсол мақомоти Тоҷикистон пешниҳод намекунанд.

Нагуфтани ҳаҷм ва нархи фурӯши барқ, ҳамчунин қарзодории ин ширкат дар ҳолест, ки ахиран созишнома дар мавриди интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2023 ба имзо расид.

Қаблан ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буд, ки тибқи илова ба созишнома барои соли 2022, дар давраи баҳору тобистон (май-сентябр) Афғонистон аз Тоҷикистон ҳамарӯза 400 МВт/соат ва дар давраи тирамоҳу зимистон (октябр-апрел) – 25-30 МВт/соат барқ мегирад, ки “ба тавозуни умумии таъминот бо барқ дар кишвар таъсир намерасонад.

Ҳамин тариқ, дертар "ИНТЕРФАКС" бо истинод ба муовини намояндаи расмии ҳаракати “Толибон” Иномулло Самангонӣ навишт, ки Тоҷикистон мувофиқи созишномаи имзошуда бо Афғонистон соли 2022 ба ин кишвар 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳад,  

Таъкид шуда буд, ки арзиши солонаи қарордодҳо мутаносибан 69 млн  ва 100 млн долларро ташкил медиҳад. Афғонистон барои 1 кВт/соат барқ 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент – тариқи хати интиқоли барқи 220 кВ маблағ пардохт мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон соли 2023 низ ба ҳукумати Толибон барқ мефурӯшад

Тобистони соли гузашта, раиси ширктаи “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода гуфта буд, ки қарзи ширкати “Брешно”-и Афғонистон 28 млн долларро ташкил медиҳад.

Раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” сабаби пайдо шудани қарзро бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дода, гуфта буд, роҳбарияти ширкати Афғонистон рӯйи ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи аввали соли 2022 аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб 734 миллион киловат соат барқ содирот шуда буд. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021, 276 миллион киловатт соат бештар аст.

Тамдиди фурӯши барқ ба Афғонистон аз сӯи Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кишвар то кунун барқарории ҳаргуна равобити расмӣ бо Толибонро* инкор кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва шуморе аз мақомҳои ин кишвар, борҳо ба сароҳат аз қавмӣ будани режими Толибон интиқод карда ва хостори ташкили давлати фарогир бо ҳузури намояндагони ҳамаи ақвом дар Афғонистон шудаанд.

Тасмим фурӯши барқ ба Афғонистон танқидҳоро дар дохили кишвар зиёд кардааст ва баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, мақомот бояд аввал мардуми Тоҷикистонро бо барқ таъмин кунанд.

Шикоятҳо аз қатъи дубораи барқ дар кишвар дар пасманзари имзои созишномаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон садо медиҳад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...