spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон қариб 200 млн метри мукааб газ ворид шудааст

Соли гузашта дар асоси шартномаи тарафайн аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 193 млн метри мукааб гази табиӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 нисбатан камтар аст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ таносуби гази дар солҳои 2021 ва 2022 воридшударо нагуфт, аммо таъкид намуд, ки сабаби кам ворид шудани газ дертар оғоз намудани воридоти он аз ин кишвар аст.

“Шартномаи воридоти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бе тағйиру илова дар соли 2023 қабул шуд. Танҳо дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 камтар газ ворид шуд. Сабабаш ин аст, ки мо соли 2021 воридотро барвақттар сар кардем, имсол дертар”, – гуфт Далер Ҷумъа.

Воридоти ками гази табиӣ ба он оварда расонид, ки як муддат Маркази барқу гармидиҳии №1 (МБГ-1)-и Душанбе, ки бо гази Ӯзбекистон фаъолият мекард, ба мушкил мувоҷеҳ шуд ва масъулини он гуфтанд, сабабаш маҳз ворид нашудани газ аз Ӯзбекистон аст. Ин ба он оварда расонид, ки дар рӯзҳои сард хонаҳои қисме аз аҳолии пойтахт сард буд ва онҳо низоми гармидиҳӣ шикояти зиёд мекарданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Далер Ҷумъа

Баъдтар масъулини МБГ-1 гуфтанд, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об дар робита ба воридоти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба созиш расиданд ва эҳтимол рӯзҳои наздик газ ворид шавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Маҳдудияти интиқоли газ”. Шарҳи маркази гармидиҳӣ дар робита ба хонаҳои сарди Душанбе

Далер Ҷумъа дар робита ба содироти барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон гуфт, ки “содироти барқ ба Ӯзбекистон характери мавсимӣ дорад ва то моҳи апрел шартнома имзо мешавад. Албатта, байни содироти барқ ва воридоти газ як тавозуни хуб муайян шудааст”.

Вазир дар ҳоле аз имзо нашудани шартнома бо кишвари ҳамсоя мегӯяд, ки чанде пеш шабакаҳои барқи Сурхондарёи Ӯзбекистон хабар дод, ки барои таъмини 14 ноҳияи ин вилоят хариди барқро аз Тоҷикистон зиёд карданд.

Далер Ҷумъа гуфт, дар соли 2022-юм 1 млн 249, 4 ҳазор тонна маҳсулоти нефтӣ ва гази моеъ ба кишвар ворид гардид, ки аз ин 319,8 ҳазор тонна бензин, 387,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 59,9 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, 0,08 ҳазор тонна мазут, 28,4 ҳазор тонна битум, 15,5 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ, 1,2 ҳазор тонна дигар намуди маҳсулоти нафтӣ, 40,6 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 396,7 ҳазор тонна гази моеъ мебошад.

Воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ нисбат ба соли 2021-ум 153,3 ҳазор тонна ва ё 14 % зиёд шудааст.

Воридоти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки аз соли 2011 пурра қатъ шуда буд, баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури нави Ӯзбекистон ва нисбатан беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвар дубора, моҳи апрели соли 2018, аз сар гирифта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...