Мувофиқи пешгӯии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, аз сармо картошкаи барвақтӣ, анҷир, анор ва хурмо зарар дида метавонанд.
Зимни нишасти матбутии рӯзи 30 январ вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки сармо аз рӯзи 11 то 23 январ ба 10-12%-и сабзавот, асосан картошка, сабзӣ ва ғайра зарар расонида, осебаш ба пиёз он қадр зиёд нест, зеро пиёзи яхбастаро такроран истифода бурдан мумкин аст.
“Болоравии нархи пиёз ба сармо рабт надошта, он дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳо ҳамсоя низ қимат шуд, – иброз дошт вазир. – Ҳозир содироти пиёз, сабзӣ ва картошка аз Тоҷикистон то ба эътидол омадани нархҳо дар бозор муваққатан манъ шуд”.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2023 майдони кишти пиёз васеъ шуда, “ҳосили якум дар ҷануби кишвар моҳи апрел гирифта мешавад ва ба поинравии нархҳо ба пиёз мусоидат мекунад”.
“Нашъунамои пиёзи моҳи сентябр ва октябр киштшуда муътадил аст. Танҳо вазъи пиёзи моҳи ноябр дар майдони зиёда аз 1 ҳазор гектар киштшуда боиси нигаронӣ аст, лекин то кадом андоза ба онҳо таъсир расонидани сармо баъдтар вақти гарм шудани ҳаво маълум мешавад”, – гуфт Ҳакимзода.
Тибқи пешгӯии Вазорати кишоварзӣ, аз сармо метавонанд картошка, дарахтони мевадеҳ, аз ҷумла анҷир, анор ва хурмо зарар бинанд. Таъсири хунукӣ ба токзорҳои ангур ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад.
Зимнан зикр шуд, ки дар соли 2023 ба парвариши пахта, картошка, пиёз ва сабзӣ афзалият дода мешавад.
“Агар содироти пахта аз ҳама бештар воридшавии асъор ва ҷойҳои зиёди кориро таъмин кунад, пас се маҳсулоти дигар низ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда доранд”, – илова намуд Ҳакимзода.