spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пас аз 3 сол мошинҳои боркаши тоҷик вориди Чин шуданд

Пас аз се соли таваққуф дар робита ба паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус бори нахуст мошинҳои боркаши Тоҷикистон вориди ҳудуди Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз соли 2020 ба ин сӯ вуруди мошинҳои боркаш ба Чин манъ шуда буд ва танҳо контейнерҳои боркаш тавассути нақлиёти чинӣ ба марз оварда шуда, пас аз он ба нақлиёти Тоҷикистон бор карда мешуданд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид мекунад, ки “барои ин вақт ва маблағи бештар сарф мегардид”.

Дар марзи Тоҷикистону Чин танҳо як гузаргоҳ – “Қулма-Қарасу” мавҷуд аст, ки вилояти Мурғоби Тоҷикистон ва Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғури Чинро аз ҳам ҷудо мекунад.

Чин аз 8 январи соли ҷорӣ маҳдудиятҳои вурудро, ки дар чаҳорчӯби мубориза бо коронавирус ҷорӣ шуда буд, лағв кард.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои 2000-ум ин гузаргоҳ танҳо дар фасли баҳору тобистон фаъол буд, вале тайи даҳ соли охир ҳаракати нақлиёт тавассути он тамоми сол ба роҳ монда шудааст.

Мушкилот дар фаъолияти ин гузаргоҳ моҳи январи соли 2020, пас аз зуҳур ва паҳншавии пандемияи Ковид-19 ба миён омад. Нахуст ҳаракат аз тариқи гузаргоҳ комилан баста шуда, дар авохири моҳи апрели ҳамон сол кори он аз сар гирифта шуд, аммо шароит дигар шуд: худи чиниҳо дар интиқоли контейнерҳои боркаш ба марзи Тоҷикистон машғул буданд.

Зимнан, ҳангоми қабул ва интиқоли коло, қабулкунандагони тоҷик маҷбур буданд, ки барои контейнер алоҳида пардохт кунанд, ки арзиши аслии он ба гуфтаи таъминкунандагони тоҷик, беш аз 5 маротиба зиёд нишон дода шудааст.

Чин яке аз се шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, пас аз Русия ва Қазоқистон дар ҷои дуюм аст. Дар соли 2022, бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, табодули мол миёни ин кишварҳо беш аз 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дода, воридоти молҳои чинӣ ба Тоҷикистон 842 миллион доллар ва содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин 368 миллион долларро ташкил додааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...