Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 19 декабр дар Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ бо истинод ба намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба мулоқот сарони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъват шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои хабаргузории РИА «Новости» дар ҷараёни мулоқоти сарварони давлат атрофи масоили муҳими рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, мушкилоти марбут ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, пешгирии падидаҳои ногувори он ва андешидани тадбирҳо алайҳи бидуни назорат реша давонидани оқибатҳои он дар минтақа табодули афкор сурат хоҳад гирифт.