Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар бораи баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ – "Тоҷикистон -Ватани азизи ман", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Илм – фурӯғи маърифат" дар соли 2023 амрҳо ба имзо расонид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мувофиқи амрҳои мазкур ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки барои баргузории озмуни "Тоҷикистон- Ватани азизи ман" 3 млн 750 ҳазор сомонӣ, озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" – 3 млн 895 ҳазор сомонӣ ва озмуни "Илм – фурӯғи маърифат" – 4 млн 85 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад.
Яъне ба сурати умум, барои баргузории ин озмунзо имсол аз фонди захиравии президент беш аз 11,3 млн сомонӣ ҷудо мегардад.
Гуфта мешавад, ба сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур дода шудааст, ки баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои тадбирҳои дахлдор андешанд.
Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» он бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли ҷорӣ низ баргузор мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.