spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ТАЛКО аз ҳисоби фурӯши алюминии аввалия 140 млн доллар даромад ба даст овард

Дар соли 2022 истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон 62 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки  2,5% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 аст, хабар дод Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал дар Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ҷумҳурӣ 51 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба маблағи 140 млн доллар ба хориҷи кишвар содир кардааст.

Вазир зикр кард, ки аз лиҳози нарх содироти алюминии аввалия дар соли гузашта ба андозаи 3,6% зиёд шуд.

Завқизода таъкид дошт, ки соли 2022 дар ҳаҷми 80 ҳазор тонна истеҳсоли алюминии аввалия ва 50 ҳазор тонна содироти он пешбинӣ гардида буд.

Ӯ илова намуд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли ҳудуди 100 ҳазор тонна алюминии аввалия дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки ба истеҳсоли ин навъи фулузот (металл) дар Тоҷикистон ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) – яке аз бузургтарин корхонаҳои ин соҳа дар паҳнои ИДМ ва ягона тавлидгари алюминий дар ОсиёиМарказӣ машғул аст.

Ин корхонаи бузургро тайи солҳои 60-70-уми асри гузашта тамоми мардуми шӯравӣ сохта, то ҳол бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нархи барқ барои “Ширкати алюминии тоҷик” қариб 64% боло рафт

Иқтидори лоиҳавии корхона истеҳсоли 517 ҳазор тонна алюминии аввалия дар як сол мебошад.

Истеҳсоли алюминии аввалия аз 420 ҳазор тонна дар соли 2007 то 103 ҳазор тонна дар соли 2017 кам шуд.

Истеҳсоли он дар сатҳи пешбинишуда дар соли 2023 бори охир дар соли 2019 (101 ҳазор тонна) ба қайд гирифта шуд.

Дар солҳои пандемияи 2020-2021 истеҳсоли алюминии аввалия қариб ду баробар коҳиш ёфт.

Ҳиссаи алюминии аввалия, ки замоне маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёфт, дар соли 2022 дар ҳаҷми умумии содирот ҳамагӣ 6,5%-ро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...