Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии санҷишии ниҳоиро анҷом дод.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 14 феврал мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом доданд. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Астерия Кремлин Палас» барпо гардида, бидуни гол (0:0) ба анҷом расид.
Гуфта мешавад, барои дастаи Олег Кубарев ин шашумин рақобати дӯстона дар доираи тамриноти Анталия буд. Қаблан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуданд ва аз дастаҳои «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Полша (1:2) мағлуб гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) нерӯ месанҷад.
Ёдрас мекунем, ки мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023 байни ҷавонон (U-20) аз 1 то 18 марти соли равон дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон баргузор мешавад.