Ширкатҳои мобилӣ ва таваҷҷуҳи бештари аҳолӣ ба он бозори ягона ширкати мухобиротии давлатии кишвар – ҶСК “Тоҷиктелеком”-ро дар вилояти Суғд касод кардааст. Ҳоло ин ширкат ба мушкили рӯёнидани қарзҳо ва тарки пеша кардани кормандонаш рӯбарӯ гардидааст. Дар ин бора Сӯҳроб Ғоибов, сардори ҶСК “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд, 13-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки даромади асосии онҳо аз ҳисоби хидматрасонии телефонҳои хонагӣ буд ва ҳоло дар вилоят кам касон аз хидматрасонии ин ширкат истифода мекунанд.
“Танҳо дар шӯъбаи байнишаҳрии шаҳри Хуҷанд зиёда 200 нафар корманд (телефонистка) фаъолият доштанд ва корашон хеле зиёд буд. Ҳоло дар ин шуъба ҳамагӣ 4 нафар кор мекунанд ва хубкифо намебошанд. Сабаби ин, ширкатҳои мобилӣ аст”, – гуфт Сӯҳроб Ғоибов.
Ба қавли ӯ ҳоло шаҳрвандони хориҷӣ ҳам вақте ба Тоҷикистон меоянд, симкортҳои муваққатӣ мегиранд ё барқияву факсро истифода мекунанд ва кам касон аз телефонҳои ноқилӣ истифода мебаранд. Онҳое ҳам, ки истифода мекунанд, на ҳамеша маблағи хидматрасониро саривақт пардохт менамоянд.
Аз ин лиҳоз, айни ҳол қарзи дебитории ҶСК “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд 1 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
“Ҳам шаҳрвандон ва ҳам идораҳои давлатӣ аз ширкати мо қарздоранд. Танҳо Вазорати мудофиа зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Инчунин Раёсати маориф, ҳукумати маҳаллӣ ва дигар сохторҳо низ қарзҳои худро пардохт накардаанд”, – гуфт Сӯҳроб Ғоибов.