spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Исфара наврасон муҳорибаҳои ҷанги дастӣ ва омехтаро рушд медиҳанд

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон, ки бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, наврасони ошиқи варзиш тавонистаанд, ки бо кӯмаки соҳибкорони маҳаллӣ ва дӯстдорони варзиш муҳорибаи ҷанги дастӣ ва муҳорибаи омехтаро ташвиқ ва рушд диҳанд.

Толори варзишие, ки ҷавонони ду деҳаи шаҳри Исфара – Чоркӯҳ ва Сароб дар он тамрин мекунанд, ба мактаби №26 ба номи Азимбой Азизови деҳаи Сароб тааллуқ дорад ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ – фарзандони Азимбой Азизов тармиму барои тамрин мувофиқ карда шудааст. Ин толори варзишӣ ҳоло номи хосе надорад, аммо аллакай ба макони дӯстдоштаи ошиқони варзиш табдил ёфтааст. Ҳар рӯз ба ин толор аз ин ду деҳа наврасони зиёд барои тамрин меоянд ва ба варзиш машғул мешавад.

Варзишгарон дар ин толор дар ду гуруҳ ва аз синни 7-сола то 16-сола, ҷамъан беш аз 30 нафар, тамрин менамоянд. Онҳо бо варзиши навъи муҳорибаҳои ҷанги дастӣ ва муҳорибаи омехта машғуланд.

Новобаста ба он, ки ин толори варзишӣ дар деҳаи наздимарзии кишвар ва дур аз марказ ҷойгир аст, варзишгарони навраси он аллакай дар мусобиқоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ғолиб низ гаштаанд.

Муҳаммадамин Абдуғаффоров яке аз наврасоне аст, ки барои тамрин ба толори варзишии мактаби 26-и деҳаи Сароб меояд. Ӯ ғолиби мусобиқаи вилоятӣ ва ҷумҳуриявии муҳорибаи ҷанги дастӣ ва муҳорибаи омехта мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадамин Абдуғаффоров

Муҳаммадамин мегӯяд, қаблан дар деҳаи Чоркӯҳ, дар толори варзишии хусусие, ки як нафар соҳибкори маҳаллӣ сохта буд, тамрин менамуд ва аз соли 2023 дар толори варзишии деҳаи Сароб машқро оғоз намуд.

“Барои нафаре, ки ошиқи варзиш аст, муҳимтар аз ҳама, фароҳам будани имконияти тамрин аст. Ин хуб аст, ки соҳибкорону шахсони дӯстдори варзиш барои мо – насли наврас имконияти машғул шудан ба тамринро фароҳам мекунанд”, – иброз медорад Муҳаммадамин.

Ӯ мегӯяд, бо кӯмаки устодаш ба таври ҷиддӣ бо ин навъи варзиш машғул мешавад ва ҳадаф дорад, дар оянда дар мусобиқоти байналмилалӣ низ иштирок карда, муваффақ шавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Исмоили Сомонӣ

Исмоили Сомонӣ бошад, аввалин ғолиби мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ дар вазни 62 кг мебошад. Ӯ соли 2019 чемпиони кишвар шуд ва ҳоло мақсад дорад, дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ иштирок кунад.

Муҳаммадсоҳиб Ӯлмасов ва Муҳаммадалӣ Собиров бошанд, аллакай дар мусобиқоти байналмилалӣ иштирок кардаанд. Онҳо моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Бухорои давлати Ӯзбекистан дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ ва каратеи анъанавӣ иштирок карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадалӣ Собиров

Онҳо мегӯянд, ҳарчанд нишон ба даст наоварданд, аммо ин барои онҳо таҷрибаи ғанӣ гардид.

Дар умум, давоми 5-сол варзишгарон аз ин минтақа беш аз 50 нишони тиллои мусобиқоти сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявиро соҳиб шудаанд.

Ҳамаи наврасоне, ки дар ин толори варзишӣ тамрин мекунанд, дар дил меҳр ба варзиш доранд ва ҳадафҳои бузургро дар пеши худ гузоштаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадсоҳиб Ӯлмасов

Чанд мушкил ва роҳи ҳалли он

Барои боз ҳам ба натиҷаҳои беҳтар ноил гардидан, варзишгарони ин толори варзишӣ ба кӯмаку дастгирии бештар эҳтиёҷ доранд. Онҳо мегӯянд, мушкили онҳо молиявӣ мебошад. Ба нақли аксари наврасоне, ки ба тамрин машғуланд, онҳо барои иштирок дар мусобиқоти гуногунсатҳ аз ҳисоби худ маблағ сарф мекунанд. Яъне онҳо харҷи сафар ва будубош дар мусобиқотро аз ҳисоби худ анҷом медиҳанд ва ин имкон намедиҳад, ки ҳамеша ва дар ҳама мусобиқот иштирок кунанд.

Нуктаи дигар, ин фароҳам набудани тамоми шароит барои тамрин аст. Аксари варзишгарон таъкид менамоянд, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтару хубтар, бояд шароити тамрин, аз ҷумла дастпӯшу сарпӯшҳо ва дигар лавозимоти варзишӣ муҳайё карда шавад, то ки онҳо танҳо дар андешаи тамрин бошанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Ҳамине, ки толори варзишӣ дорем ва баъди ғолибият дар мусобиқаҳо мақомоти шаҳр қадрдонӣ мекунанд, барои мо дастгирии бузург аст, аммо барои иштирок дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ, бояд шароит боз ҳам беҳтар карда шавад”, – мегӯянд варзишгарон.

Бояд гуфт, ки муҳорибаи ҷанги дастӣ ва муҳорибаи омехта дар Тоҷикистон варзиши оммавӣ ба ҳисоб намеравад, аммо солҳои охир ба таври наззаррас рушд карда истодааст. Ҳоло дар минтақаҳо ва маркази ҷумҳурӣ баргузории мусобиқот оид ба ин навъи варзиш низ ба оҳистагӣ маъмул мешавад ва нафарони зиёд ба он таваҷҷуҳ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...