spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тоҷикистон воридоти маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳимро кам кард

Воридоти қариб ҳамаи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон ба таври назаррас кам шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар моҳи аввали сол воридоти орд ҳамагӣ 2,7 ҳазор тонна ба маблағи 865 ҳазор тонна сурат гирифтааст, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли 2022 аз рӯи вазн 24,7% ва аз лиҳози арзиш – 10,6% камтар мебошад.

Воридоти гандум 66,2 ҳазор тона ба маблағи 20,6 млн долларро ташкил додааст, ки аз рӯи вазн 18% ва аз лиҳози арзиш – 12,7% камтар аст.

Ғайр аз ин, моҳи гузашта ба ҷумҳурӣ ба маблағи 45,2 млн доллар 55,5 ҳазор тонна маҳслуоти нафтӣ оварда шуд. Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯи вазн ба андозаи 2,1% кам шуда, аз лиҳози арзиш баръакс – 0,7% афзуд. Афзоиш ба болоравии нархи ҷаҳонии нафт дар моҳи январ вобаста аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Орд арзон шуд. Сабаб чист ва то кай идома меёбад?

Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2022 дар моҳи январи соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ (ба андозаи 8,5%) ва маҳсулоти растанӣ (8,8%) коҳиш ёфт.

Ба гурӯҳи “маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ” ҳасибу дигар маҳсулоти гӯштӣ, шакар (қанд) ва маснуоти қаннодӣ, нон ва маснуоти нонӣ, шарбат ва дигар нӯшокиҳо дохил мешаванд. Гурӯҳи “маҳсулоти растанӣ” аз сабзавоту мева, полезӣ, чой, қаҳва, биринҷ ва дигар зироати ғалладона иборат аст.

Воридоти маҳсулоти кимиёвӣ, ки ба он, аз ҷумла маҳсулоти доруворӣ ва нуриҳои минералӣ (ба номгӯи маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим дохиланд) дохил мешаванд, ба таври назаррас – 16,8% кам шуд.

Байни маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим танҳо маҳсулоти растанӣ (гӯшт, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм ва ғайра), ки воридоташон ба андозаи 20,6% зиёд шуд, истисно мебошанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Тоҷикистон 9 номгӯи молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳимро, ки  нархашон аз ҷониби давлат танзим мешавад, аз хориҷи кишвар ворид мекунад.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки коҳиши ҳаҷми молу маҳсулот дар бозор ногузир ба болоравии нархи онҳо боис мегардад. Яке аз сабабҳои асосии коҳиши воридот болоравии нархи истеҳсолкунандагон шуморида мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ, моҳи январ нархҳои истеъмолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 0,5% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 0,9% боло рафтанд.

Маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим

Мувофиқи қарори махсуси ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2018, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба нархгузории маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим (19 номгӯй) дахолат карда метавонад, дар ҳолате, ки сарфи назар аз вуҷуд доштан ё надоштани монополия ба бозорҳои маҳсулот , нархҳо дар давоми як моҳ беасос 20 фоиз ва бештар аз он зиёд карда шаванд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Воридоти маҳсулоти ғизоӣ ба Тоҷикистон кам шуд, ба ҷуз шакар

Дар аввал ба Номгӯй 16 навъи маҳсулоти хӯрокворӣ ворид гардида, солҳои 2019-2020 ба он маводи сӯзишворӣ (бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ), маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва нуриҳои минералӣ) илова шуд.

Айни замон Номгӯй аз 19 молу маҳсулот ё гуруҳи молу маҳсулоти зерин иборат аст, аз ҷумла:

1. Орд (навъҳои 1 ва 2-юм)

2. Маснуоти нон (аз орди навъи 1 ва 2-юм)

3. Маснуоти макарон

4. Гандум

5. Биринҷ (шолӣ)

6. Картошка

7. Сабзавот (сабзӣ, пиёз, карам)

8. Қанд ва шакар

9. Равғани растанӣ (пахта, офтобпараст) ва равғани маска

10. Маҳсулоти ширӣ (шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог)

11. Наск, нахӯд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав

12. Гӯшт (гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ)

13. Тухми мурғ

14. Намак

15. Чой (кабуд ва сиёҳ)

16. Ғизои кӯдакона

17. Сӯзишворӣ (бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ)

18. Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ

19. Нуриҳои минералӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...