spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар низоми барқи Тоҷикистон “ҷонҳои мурда” ошкор шуданд

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” истеъмолгарони вуҷуднадоштаи барқро ошкор кард. “Ҷонҳои мурда” тибқи маълумоти ин ширкат, барои кори дурусти низоми биллингӣ мушкил эҷод мекунанд.

“Солҳои пеш нерӯи барқи  дар ҳаҷми зиёд истифодашуда ба истеъмолгарони маишӣ нисбат дода мешуд, ки ин дуруст нест, хабар медиҳад ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо истинод ба “Таҳлили барномаи биллингӣ”.

– Бо мақсади коҳиши нишондиҳандаи талафоти барқ, ба барнома истеъмолгарони вуҷуднадошта дохил шудаанд, ки то имрӯз барои кори дурусти он мушкил эҷод мекунанд”.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” пас аз бозсозии сохтори ШСКХ “Барқи тоҷик” (ба се ширкати мустақил ҷудо шудан) аз соли 2021 ба фурӯши барқ дар Тоҷикистон машғул аст.

Тибқи маълумоти ин ширкат, ба ҳолати 1 январи соли 2023 маблағи умумии қарзи андӯхта бо назардошти солҳои пешин ҳудуди 3,7 млрд сомонӣ (ҳудуди 340 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 40%-и он (наздики 1,5 млрд сомонӣ) ба истеъмолгарони маишӣ рост меояд.

Аҳолии кишвар ҳар бори нашр шудани чунин омор изҳор норозигӣ мекард. Мардум дар ҳайрат буданд, ки чӣ гуна ин миқдор қарзҳои ҳангуфт ҷамъ мешаванд, дар ҳоле ки бо таъхири пардохти маблағи барқи истифодашуда, ба хонаводаҳо интиқоли барқ қатъ мегардад.

Дар “Барқи тоҷик” қаблан зикр мекарданд, ки қисми асосии қарзи аҳолӣ пештар, асосан дар солҳои 90-ум ба вуҷуд омадааст.

Аммо чунин иддаоҳоро худи омори ширкати «Барқи тоҷик» рад мекунад: қарзи истеъмолгарони маишӣ (хонаводаҳо) аз 1 млрд сомонӣ дар аввали соли 2019 то 1,5 млрд сомонӣ дар аввали соли 2023 зиёд шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нархи барқ барои “Ширкати алюминии тоҷик” қариб 64% боло рафт

Дар байни корхонаҳо қарздори зиёд аз пардохти маблағи истифодаи барқ “Ширкати алюминии тоҷик” (488 млн сомонӣ) дониста мешавад.

Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (470 млн сомонӣ), корхонаҳои бахши кишоварзӣ (210 млн сомонӣ).

Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ (96 млн сомонӣ), КВД “Обу корез” (76 млн сомонӣ), КМ “Тоҷиккимиёсаноат” (37 млн сомонӣ).

Раҳбарияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал хабар дод, ки дар зарфи 2 соли кори ин ширкат ҳаҷми умумии истифодаи барқи пардохтнашуда (қарзҳои дебиторӣ) 534 млн сомонӣ (52 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...