Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
“Амонатбонк” корхонаи воҳиди давлатӣ мешавад. Ин чӣ маъно дорад? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Амонатбонк” корхонаи воҳиди давлатӣ мешавад. Ин чӣ маъно дорад?

11
11

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 феврал қарор шуд, ки номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” иваз карда шавад.

Ҳамзамон қарор дода шуд, ки Шӯрои нозирони КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъсис ва ҳайати шӯрои нозирони он тасдиқ гардад.

Гуфта мешавад, лоиҳаи қарори ҳукумат бо ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра таҳия гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар шакли фаъолияти корхонаи воҳид муассисаи тиҷоратӣ ҳуқуқи амволи дар ихтиёрдоштаашро аз даст медиҳад.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, молики “Амонатбонк” айни замон ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Амонатбонк” корхонаи воҳиди давлатӣ шуд

Маъмулан дар муқоиса бо ҷамъиятҳои саҳҳомӣ шакли идоракунии корхонаҳои воҳид бар асари дар онҳо мавҷуд набудани идоракунии корпоративӣ нисбатан камтар шаффоф арзёбӣ мешавад.

Аммо дар мавриди “Амонатбонк”, тавре ки дар боло зикр шуд, ҷорисозии асосҳои чунин идоракунӣ ба нақша гирифта шудааст.

Охири соли 2021 созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар заминаи “Амонатбонк” ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис дода шуда, бастаи назоратии саҳмияҳо ба шахсони хусусӣ дода шавад. Роҳбари “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ аввали соли гузашта дар ин робита изҳор намуда буд, ки ин масъалаҳоро ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаллу фасл мекунад.

“Амонатбонк” пас аз муфлисшавии замоне бонкҳои бузурги Тоҷикистон (“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”) дар бозори миёнаравии молиявии кишвар мавқеи пешсафро ишғол мекунад.

Дар рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсози Тоҷикистон дар соли ҷорӣ “Амонатбонк” дар зинаи аввал қарор дорад. “Амонатбонк” дар соли 2022 ҳудуди 102 млн сомонӣ (наздики 9 млн доллар) фоидаи соф ба даст овардааст, ки ин нишондод 53,5% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Афзалият ва норасоиҳои корхонаҳои воҳид

Корхонаи воҳид (КВ) ташкилоти тиҷоратӣ мебошад. Он амвол дорад, вале молики он буда наметавонад. Молик ва муассис давлат мебошад, ки амволро ба корхонаи воҳид барои идоракунии фаврӣ ё роҳандозии фаъолияти хоҷагидорӣ медиҳад.

Калимаи “воҳид” аз забони лотинӣ ūnitās, яъне “ягона, ҷудонашаванда” гирифта шуда, ҷудо кардани амволи он аз рӯи ҳисса, ҳақ ё саҳм манъ аст ва амволи онро як молик дар ихтиёр дорад.

Метавон ҷиҳатҳои зерини мусбати онро зикр кард:

– масоили муҳими аз лиҳози иҷтимоӣ муҳимро ҳал мекунанд;

– фаъолияти худро бо дастгирии мақомоти давлатӣ ё маъмурӣ мебаранд;

– метавонанд аз ҷониби давлат дастгирӣ ёбанд – кумаки молиявии беподош (дотатсия), кумаки молиявӣ (субсидия) ва ғайра гиранд;

– хавфи ҳадди ақали муфлисшавӣ доранд, зеро молик ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки ин тавр нашавад;

– ҳуқуқ доранд аз ҳисоби амволе, ки ба ихтиёрашон дода шудааст, фоида ба даст оранд;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Амонатбонк” бо 10% ба киҳо қарз медиҳад?

– ҳангоми гузаронидани расмиёти харид дар мавқеи мусоидтар қарор мегиранд, зеро қарордодҳо барои таъмини эҳтиёҷоти давлат чаҳорчӯбҳои қатъӣ доранд ва довталабони номуносибро ба онҳо роҳ намедиҳанд;

– ҳангоми пешниҳоди хидмат ба аҳолӣ аксар вақт ҳамчун бозингари ягона амал мекунанд.

Паҳлӯҳои манфӣ чунин буда метавонанд:

– назорати қатъии фаъолият аз ҷониби мақомоти болоӣ;

– ҷараёни бисёрмарҳила ва тӯлонии мувофиқа ҳангоми имзои шартномаҳои калон;

– зарурати мувофиқаи ҳама гуна масъалаҳои бозсозии сохтор бо молики авмол;

– зарурати ба буҷети давлатӣ равона кардани қисми назарраси фоида.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...