Хабаргузории ӯзбекии “Дунё” менависад, ки дар ҷаласаи аввалини фиристодагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон намояндагони давлатҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Чин, Покистон, Туркманистон ва Русия иштирок доранд.
Ҷаласаро фиристодаи вижаи Президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Иргашев ҳусни оғоз бахшидааст.
“Ҳайатҳо вазъияти кунунии Афғонистон, аз ҷумла ҷанбаҳои башардӯстонаро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли вазъ дар ин кишвар ва барқарории сулҳу суботи комил дар он табодули афкор намуданд”, – менависад ин расона.
Ҳамчунин, дар ин нишаст ширкаткунандагон макон ва замони баргузории нишасти дувуми фиристодагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро муайян карда, ҳамчунин дар бораи замони баргузории 4-умин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Тошканд табодули назар хоҳанд кард.